СиёсатХабарҳои кӯтоҳ

СААД Тоҷикистонро дар назорати марз бо Афғонистон кумак хоҳад кард

Дабири кулли СААД гуфт, ки кишварҳои узви ин созмон омодаанд, ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон кумак кунанд

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Намояндагони кишварҳои СААД тасдиқ карданд, ки дар сурати буҳронӣ шудани вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон омодаанд, ба Душанбе кумак намоянд.Дар ин бора Станислав Зас, дабири кулли СААД дар пайи нишасти муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти ин созмон ба рӯзноманигорон хабар дод.Дабири кулли СААД тасреҳ кард, ки кишварҳои узви созмон аз вазъи феълии Афғонистон нигаронанд.Шойгу вориди Тоҷикистон шудДирӯз, 10:50963Вай афзуд, намояндагони кишварҳо бори дигар масъулияти худро дар ҷиҳати кумак ба Тоҷикистон бинобар шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон таъйид намуданд.

«Дар сурати муташанниҷ шудани вазъ дар марзҳои ҷанубии СААД ба Тоҷикистон тамоми кумакҳои зарурии низомӣ ва дипломатӣ расонида мешавад», — гуфт Зас.Ёдовар мешавем, намояндагони СААД борҳо таъкид кардаанд, ки дар ҳоли вуҷуди зарурат созмон метавонад ба Тоҷикистон кумаки фаврӣ кунад.Тибқи иттилои СААД, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон чандон хуб нест. Намояндагони Белорус изҳор доштанд, ки вазъ дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ба ҳадде хароб шудааст, ки эҳтимол вуруди нерӯҳои изофӣ аз ин созмон ба кишвар ногузир шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button