МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

Аз Кабирӣ умеди неки набояд ҷўст

Аз Кабирӣ умеди неки набояд ҷўст Имрўзҳо Кабирии разил худро дар сомонаҳои ифротиаш ба намоиш гузошта, мисли пештара боз ба нозу карашма даромада ба худсафедкунию худтаърифкунии зиёд пардохтааст. Дирӯз Кабирии террорист бо дигар пайравонаш дар шаҳри Варшава 3-солагии Паймони зиддимиллиашонро ба таври худ ҷашн гирифтаанд. Дар ин ҷаласа Кабирӣ иброз медорад, ки гӯё як “барномаи стратегӣ”-ро иборат аз 30 саҳифа дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва динӣ омода намудааст. Ин аблаҳ, ки ҳамчун вакили мардумӣ дар Тоҷикистон фаъолият дошт ягон барномаро барои пешрафти кишвар дар ин солҳо таҳия накарда буд ва танҳо фикру зикраш дар тиҷораташ буд. Ҳоло бошад бо мақсади худнишондиҳӣ як барномаи сохтаву бофтаро пур аз суханҳои пучу бемаъни пешниҳоди мардум мехоҳад кунад. Кабирии хиёнаткор он тадбиру корҳои саривақтиеро, ки Ҳукумати мамлакат барои пешрафти кишвар андешида истодааст, нодида гирифта боз ба ҳамон лаҳни ба худ хос суханҳои дурӯғу пучу бемантиқашро такрор ба такрор гуфта истодааст. Бо ҳар баҳона Кабирӣ-душмани миллати тоҷик мехоҳад вазъиятро дар кишвар ноором намуда, мардумро гумроҳ созад ва дар оянда барои пиёда сохтани амалҳои нопоки худ замина гузорад. Ба ҳамагон аллакай симои аслии Кабирию пайравони наҳзатиаш маълуму равшан аст, ки ин разилони ватанфурӯш аз шармандагию расвогӣ дигар коре аз дасташон намеояд ба ғайр аз иғвогарию дасисабозӣ ва мардумро ба таҳлука андохтан дигар мақсад надоранд. Онҳо имрӯз ҳар мушкилоти мардумро шиори худ карда, бо ин роҳ мехоҳанд мақсадҳои нопокашонро дар амалӣ намоянд. Хулоса, Кабирии хоин бо дигар хунхорони наҳзатиаш дар ягон ҳолат аз манфиати мардум ҳимоят накарда буданд ва минбаъд низ аз ин разилони наҳзати умеди неки набояд ҷўст. Кабирии ватанфурўшу муфтхур ҳаргиз аз ақидаҳои ифротӣ-террористии худ даст накашидааст ва дар дилхоҳ ҳолати муносиб бо амри «хоҷагони хориҷӣ»аш зарари худро ба давлату миллати тоҷик мерасонад. С.Салмон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button