АфғонистонХабарҳои кӯтоҳ

Халилзод: фирори Ғанӣ интиқоли сиёсии идораи Кобулро ба Толибон* хунсо кард

Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон гуфт, фирори Ғанӣ аз Афғонистон гузариши сиёсӣ ва назорати Кобул аз ҷониби Толибонро* ноком кардааст.ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон гуфт, қарори Ашраф Ғанӣ, ки дар мақоми президенти Афғонистон кор мекард ва ҳангоми ҳамлаи Толибон* аз кишвар фирор кард, тавофуқе, ки бо аъзои ин гурӯҳ ҳосил шуд, халалдор кард, хабар додааст, Sputnik Афғонистон.Дар мусоҳиба бо Financial Times, Халилзод қайд кард, ки рафтани Ғанӣ «мунҷар ба шикасти лаҳзаи охири тавофуқнома барои интиқоли сиёсии қудрат бо Толибон* шуд».Вай қайд кард, ки ИМА ҳатто ниҳоят бо Толибон* розӣ шуд, ки вориди Кобул нашаванд, аммо тасмими Ғанӣ дар бораи тарк кардани Афғонистон халои амниятиро ба вуҷуд овард ва Толибонро* маҷбур кард, ки худи ҳамон рӯз вориди Кобул шаванд ва дар натиҷа бесарусомонии хуруҷи низомиёну мулкиён ва қатъи музокироти Доҳа ба амал омад.Номбурда гуфт, фирори Ғанӣ боис шуд, то Толибон* ду ҳафта пеш вориди Кобул шаванд.Столтенберг сабаби суқути низоми Афғонистонро изҳор дошт11 сентябри, 15:40434Ба гуфт Халилзод: «Иёлоти Муттаҳида масъули ин пешомад нест, ки онҳо (ҳукумати Афғонистон ва Толибон*) аз музокирот ақибнишинӣ карданд».Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки Вашингтон аз фирори Ашраф Ғанӣ хабар надошт.»Толибон»* пас аз эълони ИМА дар бораи хуруҷи нирӯҳояш аз Афғонистон амалиёти густурдаеро барои ғасби қудрат дар Афғонистон оғоз карда, вилоятщоро яке пайи дигар бо ҷангу бе ҷанг зери идораи худ қарор доданд .15 август Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ истеъфо дод ва аз ин кишвар фирор кард. «Толибон» (ташкилоти террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон) бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.Кормандони низомии ИМА то авоили моҳи сентябр Афғонистонро комилан тарк карда, ҳузури қариб 20-солаи низомияшонро дар ин кишвар бо натиҷаи сифр хотима доданд.* — ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button