Номаҳо ба президентХабарҳои кӯтоҳ

Путин дар тамоси телефонӣ бо Раҳмон сабаби Тоҷикистон наомаданашро шарҳ дод

Раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин бо Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон суҳбати телефонӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ба далели афзоиши гирифторони коронавирус миёни атрофиёни кишвардори Русия, ӯ тасмим гирифтааст, ки ба худинзивоъ равад.Пас аз расонаӣ шудани хабари ба карантин рафтани Путин, ӯ ба ҳамтои тоҷики худ суҳбати телефонӣ баргузор кард, хабар медиҳад Кремл.Бар хабари манбаъ, зимни суҳбат, Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД бевосита иштирок карда наметавонад ва танҳо тариқи онлайн ба кори ин саммит пайваст мешавад.

Президенти Русия сабаби ба наомадани худро афзоиш ёфтани ҳолатҳои гирифтории атрофиёнаш ба бемории коронавирус рабт дод.Қаблан интизор мерафт, Путин бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз Тоҷикистон боздид кунад ва оғози сафараш ба Душанбе аз 15 сентябр дар назар буд.Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни нашри барномаи сафари Путин гуфт, сарони давлатҳо «як ба як» ва ҳамчунин дар ҳузури ҳайати васеъ гуфтушунид хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button