Марзи Тоҷикистону ҚирғизистонҶомеа

Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро бо айби фурӯши шираи камол боздошт кард

Рӯзи 6-уми сентябр кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Кубаничбек Акматов — сокини вилояти Бодканди Қирғизистонро боздошт карданд.

Ба иттилои пешакӣ, Акматов дар минтақаи байнимарзӣ дар наздикии деҳаи Уч-Добои вилояти Бодканд боздошт шудааст. Вай аз куҳҳои Қирғизистон шираи камол ҷамъ оварда буд. Мақомоти Тоҷикистон Акматовро дар фурӯши шираи камол ба шаҳрвандони Тоҷикистон айбдор мекунанд.

«Ҳангоми боздошт аз шаҳрванди Қирғизистон 100 кило шираи камол пайдо шудааст. Дар фурсатҳои наздик барои баргардонии шаҳрванди боздоштшуда гуфтугӯ сурат мегирад», — хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон.

Айни замон Акматов дар Душанбе нигаҳ дошта мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button