ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳЧеҳраҳо

Президент аз вазъи ногувори минтақа гуфту таъкид ба омодабошии низомиён кард

Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи низомиёни кишварро бо Рӯзи истиқлол табрик гуфта, бинобар вазъи ноором дар минтақа онҳоро ба ҳолати омодабош даъват кардДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. 

Эмломалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронӣ дар гузашти низомӣ дар майдони «Дӯстӣ» — и Душанбе афсарону сарбозонро ба ҷашни истиқлоли кишвар табрик карда, изҳори умед кард, ки онҳо савганди додаашонро барои ҳимояи марзу бум содиқона иҷро хоҳанд кард.Раисиҷумҳураз дастовардҳои даврони истиқлолият зикр карда, ҳамзамон гуфтааст, ки барои ба талаботи рӯз ва вазъи мураккаби ҷаҳони муосир мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда, бо ин мақсад аз тамоми захираву имкониятҳо истифода мекунанд.»Дар ин раванд, боз ҳам беҳтар таъмин намудани ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо техникаву таҷҳизоти ҳозиразамон, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва дастгирии молиявию иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки мо ба ҳалли онҳо эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ медиҳем», — таъкид кардааст Эмломалӣ Раҳмон.Эмомалӣ Раҳмон гуфт, вусъат пайдо кардани фаъолияти ҳаракату созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва радикалӣ, низоъҳои диниву мазҳабӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро боиси ташвишу нигаронии ҷиддии сокинони сайёра, аз ҷумла мардуми Тоҷикистон кардааст.Гузашти низомӣ ба ифтихори 30 -юмин солгарди истиқлоли Тоҷикистон09:397131Дар чунин шароит, роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хусусан, Қӯшунҳои сарҳадиро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини ҳифзи сарҳади давлатӣ, амнияти ҷомеа ва давлат, ҳимояи зиндагии орому осудаи мардум ва дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд, таъкид кард президент.Ёдовар мешавем имрӯз ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар маркази душанбе бо иштироки 15 ҳазор сарбозону афсарон гузашти низомӣ доир гашт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button