АфғонистонҶомеа

«Агар шаҳид ҳам шавем, бигзор ҳама донанд» — муроҷиати Аҳмад Масъуд ба ҷаҳон

Талошҳо барои бозгушоии ҳафтаномаи “Кобул” натиҷа надод, аммо Аҳмадшоҳ Масъуд мувофиқат кард, ки нашрияи дигаре бо ҳамин мӯҳтаво, вале бо номи дигар, ба роҳ андохта шавад. Ҳафтаномаи ҷадид “Болоҳисор” ном гирифт ва Даштӣ то суқути Кобул ба дасти “Толибон” дар сентябри соли 1996 муовини сармуҳаррири он буд.“Он замон намефаҳмидам, ки чаро Омир Соҳиб бо он қудрату шуҳраташ ҷилави кори Устод Раббониро нагирифт. Баъдтар вақте бо ӯ бештар ошно шудам, дарк кардам, ки ӯ он замон эҳтироми устодро ба ҷо оварда буд, чун ба синну сол аз ӯ хеле хурд буд. Масъуд афроди бузургтар аз худро хеле эҳтиром мекард”, — гуфт Даштӣ.

Муқовимат бо камера

Замони муқовимати аввал (1996 – 2001) ӯ ба тими “Ориёнофилм” пайваст, ки аз сӯи Аҳмадшоҳи Масъуд дар чавкоти Ҷабҳаи муқовимат фаъол шуда буд ва ба таҳияи филмҳои мустанаде дар мавриди авзоъи он манотиқи Афғонистон, ки зери контроли “Толибон” набуд, мепардохт.Дар чаҳоруним соли кор бо “Ориёно филм” Даштӣ дар таҳия ва нашри ҳашт силсилафилми мустанаде ба номи “Муқовимат” саҳм гузошт, ки сафҳаҳои дурахшони муқовимати мардуми Афғонистон алайҳи “Толибон” ва терроризми байнулмилалиро вориди китоби таърих кардааст. Ин филми нодир ҳоло дар бойгонии Бунёди Аҳмадшоҳи Масъуд маҳфуз аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button