ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

АМРИДДИН НАХШОВ БО ҶАРИМА ХАЛОС ХӮРД, 5 ШАРИКАШ БА ЗИНДОН РАФТАНД


Радиои Озодӣ аз қавли як манбаъ дар додгоҳи ноҳияи Данғара хабар
дод, ки ин додгоҳ ҳанӯз моҳи июл Амриддин Нахшов, мудири корхонаи
истихроҷи тиллои “Нахш” ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти
Тоҷикистон, ва 4 тани дигар аз шарикони ӯро, ки барои иштирок дар
латтукӯби кормандони ширкати “Мину Фарм” дар таърихи 16 май ба
“авбошӣ” муттаҳам мешуданд, ҷарима бастааст. Вале 5 ҳамроҳи ӯ бо
ҷурми иштирок дар занозанӣ ва расондани зарари вазнин ба саломатӣ
аз 3 то 5 сол ҳукм гирифтаанд.
Нахшовро додгоҳ 60 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Парвандаи Нахшов
бар асоси банди дуи моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ шуд, ки он аз
60 то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то панҷ сол зиндонро пешбинӣ
мекард.

Мақомот гуфта буданд, Амриддин Нахшов пас аз занозанӣ фирор
кардааст, аммо пас аз даҳ рӯзи ҳодиса, 27-уми май, Вазорати корҳои
дохилӣ хабар дод, ки ӯ “бо хоҳиши худ” ба шуъбаи корҳои дохилии
ноҳияи Данғара омада, “таслим шудааст”.
Нахшов ба он гунаҳкор дониста шуд, ки шаби 16 май бо чанде аз
ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати “Мину Фарм”, паймонкори
ширкати “Фароз”, ҳамла кардааст. Дар он ҳодиса ҳудуди даҳ кас, аз
ҷумла 4 шаҳрванди Афғонистон, ки барои бастани шартнома барои
ҷамъоварии шираи камол омада буданд, захмӣ шуданд.

Як шоҳиди ҳодиса, ки нахост номаш зикр шавад, ба Радиои Озодӣ гуфта
буд, ҳодиса дар маҳаллаи 7-уми маркази ноҳияи Данғара пас аз он рух
дод, ки Сайёд Ғиёсов, намояндаи ширкати “Мину Фарм” ба дархости
шахсони фиристодаи Амриддин Нахшов барои соҳиб шудан ба як
қитъаи замин ҷавоби рад дод.
Вале баъдан ширкати “Мину Фарм” дар як нома бо имзои мудири
ширкат Маҳмадализода Ф. Амриддин Нахшовро бегуноҳ номид. “Дар
ин муноқиша шаҳрванд Нақшов А. ҳамчун шахси халоскунандаи

тарафҳо иштирок намуда, ҷавононро ба бетартибиҳо роҳ надодан
даъват мекард”, –гуфта мешуд дар номаи ширкати “Мину Фарм”.
Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки муноқиша дар манзили
иҷораи кормандони ин ширкат бо иштироки ҳудуди 20 нафар аз ду
тараф рух додааст. Вале дар номаи ширкати “Мину Фарм” гуфта мешуд,
“ҳангоми гаштугузор дар ноҳияи Данғара миёни чор нафар
кормандони Ҷамъият шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
сокинони маҳаллӣ, аз бархӯрди сухангӯии қабеҳ, миёни онҳо
муноқиша рух дод”.
Амриддин Нахшов хоҳарзодаи ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.
Падараш Файзиддин Нахшов мудири пешини шуъбаи чоруми
“Амонатбонк” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд ва соли 2018
даргузашт. Амриддин Нахшов пештар дар “Ориёнбонк” кор мекард,
ҳоло раҳбари ширкати истихроҷи тилои “Нахш” аст. Ин ширкат асосан
дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг замин дорад ва ба истихроҷи
тило машғул аст.
Ширкати “Мину Фарм” аз ангуштшумор ширкатҳое дар Тоҷикистон аст,
ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад. Ин ширкат низ
пайвандиҳое бо ширкати собиқи “Фароз” дорад, ки ба Шамсулло
Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мутааллиқ аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button