Наҳзат — созмони террористию ҷинояткор

Наҳзат — созмони террористию ҷинояткор
Вақтҳои охир сомонаҳои ифротии ТТЭ ҲНИ ва хусусан сомонаи М.Садриддини қаллоб бисёр фаъол гашта, ҳаракатҳои ифротигароиву даҳшатафканӣ ва фитнаангезиро тарвиҷ мекунанд, ки бисёр нигаронкунанда ва манфур аст. Зеро ин гуруҳи ҷиноятпеша, то ба ҳол аз хуни ҳаммиллатони худ сер нагашта, боз бори дигар дастдарозӣ карда тасмим гирифтаанд, то ҷомеаи тоҷикро ба чолиш кашанд, зеро хоҷагони хориҷиашон намегузорад он ҳазинаи масрафшудаи худро барҳадар диҳад.
Бо нашри маводҳои бесарунўг М.Садриддин ва дигар муаллифони ифротии худбохта ба худсафедкунии наҳзатиён машғул шуда, зидди неруҳои дунявият ва миллати тоҷик сухан мегўянд. Дар ҳоле, ки ба ҳамагон маълум аст, ки сабаби бадбахтиҳо дар солҳои навадум ҳамин ифротиёни террорист буданд, ки ба майдони муборизаҳои озодихоҳиву истиқлолталабии миллӣ ворид шуда, тамоми миллати тоҷикро ба зулму бадбахтӣ гирифтор карданд.
Наҳзатиҳо дар кишвар ҷангу хунрезиро роҳандозӣ карда, боиси кушта шудани ҳазорон ҳамватанонамон гардиданд. Ҳазорон нафар аз дасти ин палидон бехонумон гардидаанд. Ғайр аз ин ин тудаи бадхоҳ хисороти зиёди молӣ ба кишвар расондааст.
Онҳо ба ин шармандагӣ кифоят накарда, аз минбарҳои пинҳонӣ садо баланд мекунанд ва дигаронро ба айбҳои гушношунид таъна мезананд. Шарму ҳаё надоранд ин курдилони худбохта.
Фаромуш набояд кард, ки исломи сиёсӣ дар ҷаҳони муосир яке аз фишангҳои бардасозӣ ё истеъмори навин аст, ки кишварҳои ҷаҳони сеюмро дар дастнигариву бечорагӣ қарор дода, бо ин вируси системавайронкун тамоми давлатҳоро дар ҳоли пасмондагӣ нигоҳ медорад. Яъне ин гуруҳҳо тасодуфи доду даъво накарда, бо пуштибонии хоҷагони хориҷии худ гуиё мардуми тоҷикро ба «саодат» мерасонанд.
Мутаасифона, баъзе неруҳои хориҷӣ аз чунин нафароне ҳимоят мекунанд, ки даъват ба ҷанг ва даргириҳо доранд. Имрўз дар ин ҷангҳои иттилоотӣ ин дастаҳои ҷиноятпеша аз шевае кор мегиранд, ки бояд заминаи ҷангҳои навбатиро тарҳрезӣ кунанд ва махсусан зеҳнияти ҷавононро омода ба ҳаргуна нооромиву носуботӣ «ҳидоят» кунанд, то дар Тоҷикистон он ҷинояти сангине, ки солҳои пеш бо пуштибонии хоҷагони хориҷии худ роҳандозӣ карда буданд ва миллати тоҷикро ба садсолаҳо дар ҳолати оқибуфтода нигоҳ доранд. Боиси нигарониву афсус аст, ки ин шайтанатҳои дар ниқоби исломи сиёсӣ боз фишанги дасти хоҷагони худ гаштаанд.
Насим Шарифзода,
муҳаққиқ