АфғонистонМинтақа ва Ҷаҳон

ҲАМАРО ФИРЕБ ДОД… ТАФСИЛОТИ ФИРОРИ АШРАФ ҒАНӢ АЗ КОБУЛ

Генерал Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе, дар мусоҳиба
бо хабаргузории русии РИА Новости изҳор дошт, ки президенти
ҳамакнун собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ рӯзи 15 август бо роҳи фиреб
аз кишвар фирор карда, ҳукумат ва мардумашро ба чанги Толибон
партофт.
Бино ба нақли генерал Агбар, Ғанӣ дар рӯзи фирораш ҷаласаи
ҳукуматро даъват карда буд, вале вақте ки аъзои ҳукумат мунтазири ӯ
буданд, Ғанӣ алакай дар фурудгоҳи Кобул ҳамроҳи афроди наздик ва
аҳли хонаводааш ба ҳавопаймо менишаст, то аз кишвар фирор кунад.

“Ғанӣ нафақат худаш фирор кард, балки ба ҳамсаффони худ хиёнат
кард ва пулҳои давлатро дуздида, мардумро ғорат кард. Ҳеҷ кадоме
аз муовинони ӯ намедонист, ки вай нақшаи фирор дорад. Ба гуфтаи
вазири дифоъ дар ҳукумати ӯ, ки ман бо вай дирӯз суҳбат доштам,
мушовири Ғанӣ ба вазорати дифоъ занг зада, гуфтааст, ки Ғанӣ соати
16:00 барои ҷаласа ба ин вазорат меояд. Дар вазорат барои омадани
Ғанӣ омодагӣ гирифтанд, мунтазираш буданд, вале дар ҳамин соат се
ҳавопаймое, ки Ғанӣ ва наздиконаш дар дохили онҳо буданд, аз
фурудгоҳи Кобул ба осмон хестааст “, – нақл кардааст сафири
Афғонистон.
Генерал Ағбар муътақид аст, ки ҷангиёни Толибон маҳз дар натиҷаи
хиёнати Ғанӣ кишварро дар байни ҳамагӣ 10 рӯз ишғол карданд. Ва он
ҳам дар ҳоле, ки Урдуи давлатии Афғонистон иборат аз 300 ҳазор
сарбоз, аз сӯи НАТО тамрин гирифта, бо силоҳҳои ғарбӣ мусаллаҳ буд.
Қаблан Зоҳир Ағбар фирори Ашраф Ғанӣ аз Кобулро “хиёнат ба давлату
миллат” номид ва гуфт, ки раисиҷумҳури ҳамакнун собиқи Афғонистон
ва ҳамроҳонаш ҳангоми фирор 169 миллион доллар пули нақдро низ бо
худ ба яғмо бурдаанд.
Дар сафорати Русия дар Кобул низ гуфта буданд, ки Ашраф Ғанӣ рӯзи 15
август бо мошинҳои пур аз пул тарки кишвар кард ва ӯ бо худ он қадар
пули зиёд гирифта буд, ки ҳамааш дар ҳавопаймо нагунҷид.
“Чӣ гуна суқут кардани режимро бо ҳама рангаш бештар аз ҳар чизи
дигар ин ҳодиса хуб тасвир мекунад: 4 мошини пур аз пулро ба
ҳавопаймо бор карданд. Як қисми дигари пулҳоро ба чархбол бор
карданд, вале ҳамааш нагунҷид. Як қисми пулҳо дар майдони ҳавоӣ
монд “, – нақл кардааст сухангӯи сафорати Русия дар Кобул Никита
Ишенко.
Як гуруҳи конгрессменҳои ҷумҳурихоҳ ҳам аз президенти Амрико Ҷо
Байден талаб кардаанд, то Ашраф Ғаниро барои ғорати 169 миллион

доллар пуле, ки мардуми Амрико барои Афғонистон ҷудо карда буд,
пайдо карда, ба ҷавобгарӣ бикашонанд.
Баъди фирораш аз кишвар Ғанӣ гуфт, ки гӯё на аз тарс, балки барои
пешгирӣ аз хунрезии бештар тарки Афғонистон кардааст. Ашраф Ғанӣ,
ки ҳоло дар Дубай қарор доштааст, дар як видеоӣ хабари бо миллионҳо
доллар фирор карданаш аз Афғонистонро рад кард ва гуфт, ки танҳо бо
як пироҳан аз хона баромада, ҳатто фурсат наёфтааст, ки кафшашро
иваз кунад ва гӯё бо пойпӯши хонагӣ фирор кардааст. Вале ба ин
ҳарфҳои Ғанӣ дигар касе бовар накард.

https://www.facebook.com/watch/?v=1443715229164931&ref=external

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button