Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

ПИСАР ПАДАРРО АЗ ХОНА РОНД. БАРОДАРАШ ӮРО БАРОИ ИН КУШТ…

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 20 август Биглюнов Муҳаммадшо
Ҷумаевич бо ҷурми куштори бародараш Рамазон Биглюнов ба 20
соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард. Маркази матбуоти
Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт,
Муҳаммадшо Биглюнов рӯзи 26 апрели соли ҷорӣ тариқи телефон аз
падараш хабар ёфтааст, ки бародараш Рамазон падарашро барои
нӯшидани машрубот аз хона пеш кардааст. Ӯ баъди ин дар фикри
ниқор гирифтан аз бародараш шуда, субҳи барвақти 27 апрел ба
маҳалли зисти бародараш, деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ омада,
пинҳонӣ вориди хонаи ӯ шудааст ва бародараш Рамазонро дар ҳоле
ки хоб буд, бо 10 зарбаи корди финка куштааст.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Биглюнов
Муҳаммадшо Ҷумаевич бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” КҶ
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтишоти он аз тарафи прокуратураи ноҳияи
Рӯдакӣ ба анҷом расонида шуда буд, баррасӣ намуд.

Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян карда шудааст,
ки Биглюнов М.Ҷ. 26 апрели соли 2021 тариқи телефони мобилӣ зимни
суҳбат бо падараш огоҳ шудааст, ки бародараш Биглюнов Рамазон
Ҷумаевич падарашро барои нӯшидани нушокии спиртӣ ҷанҷол намуда,
аз хона рондааст.
Баъди шунидани шикояти падараш ӯ ба ғазаб омада, тариқи телефони
мобилӣ бо бародараш ҷанҷол намуда, касди аз ҳаёт маҳрум намудани
охиринро тарҳрезӣ кардааст.
Бо ин мақсад, ӯ 27 апрели соли 2021 тахминан соати 05:30 дақиқа, аз
хонаи хешаш Қурбонов Ш. ба воситаи нақлиёти кироякаш (таксии 1111)
ба манзили истиқоматиашон, вокеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Гулбутта
хонаи 4 ҳозир гардида, ҳангоми ба суроғаи зикргардида расидан аз
ронандаи таксӣ Қобилов Қ.А. огоҳ гаштааст, ки хатсайри онҳо дар базаи
ширкат сабт мегардад.
Баъди огоҳ шудан оиди сабти хатсайри автомашина, Биглюнов М.Ҷ.
накшаи таҳрезӣ намудаашро иваз намуда, бо автомашинаи мазкур
баргашта, ба шаҳри Душанбе меояд.
Сипас, ӯ нақшаи нави содир кардани ҷинояти мазкурро кашида, бо
мақсади нагузоштани изи ҷиноят нақлиёти мусофиркаши шахсии тамғаи
“Фолксваген-Пассат”, рақами қайди давлатиаш 58 55 ВР 02 таҳти идораи
Атозода Қ.М.-ро киро карда, тахминан соати 05:50 бо роҳи мошингарди
поёни деҳаи мазкур барои анҷом додани мақсади ҷинояткоронааш,
яъне аз ҳаёт маҳрум сохтани бародараш Биглюнов Р.Ҷ. ба манзили
истиқоматиашон ҳозир гардида, ронандаро фиреб карда 30 сомонӣ
қисми маблағи роҳкироро ба ӯ дода, иброз менамояд, ки ба ҷойи
кораш меравад ва баъди як соат баргашта меояд ва то омаданаш ӯро
интизор шавад

ПИСАР ПАДАРРО АЗ ХОНА РОНД. БАРОДАРАШ ӮРО БАРОИ ИН КУШТ… — Пойгоҳи хабарии «Бомдод»
https://www.bomdod.com/2021/09/01/pisar-padarro-az-hona-rond-barodarash-uro-baroi-in-kusht/ 3/3
Баъдан ӯ, аз болои симтӯри гирди боғи манзили истиқоматиашон
озодона гузашта, вориди таҳхона шуда, либоси варзишии рангаш сиёҳро
ҳамчун ниқоб ба сараш баста, барои амалӣ намудани ҷинояти мазкур
тариқи тирезаи даҳлез вориди ҳуҷраи истиқоматӣ шуда, аз дохили
сандуки оҳанин корди саноатии (финка) бародарашро гирифта, ба
ҳуҷраи хоби охирон даромада мебинад, ки номбурда дар ҳолати оҷизӣ,
яъне хоб мебошад ва корди мазкурро ба дасти росташ гирифта бо
бераҳмии махсус ба гардан ва қафаси синаи бародараш 10 маротиба
зарба зада, ҷароҳатҳои ҷисмонии халандаю бурранда расонидааст, ки
дар натиҷа бародараш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Прокуратураи ноҳияи Рудакӣ, нисбати Биглюнов М.Ҷ. бо моддаи 104
қисми 2 бандҳои “в,е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз
намуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри
айбдоркунӣ ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст.
Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2021 судшаванда Биглюнов
М.Ҷ. бо моддаи 104 қисми 2 бандҳои “в,е” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон,
гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20
сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми сахт таъйин
карда шудааст.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button