ВидеоМУҲОҶИРОНҲуқуқи инсон

ДЕПОРТАТСИЯИ ЗАНИ ТОҶИК ВА КӮДАКАШ АЗ РУСИЯ БАРОИ ЯК ХАТО ДАР ШИНОСНОМА (ВИДЕО)

Як зани 32-солаи шаҳрванди Тоҷикистон ва кӯдаки 9-солаи ӯро, ки аз 25
то 30 август, дар тӯли 5 шабонарӯз дар фурудгоҳи Бегишевои шаҳри
Нижнекамски ҷумҳурии Тотористони Русия дармонда буданд, рӯзи 30
август бо парвози ширкати «Уральские авиалинии» ба Тоҷикистон
ихроҷ кардаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии НТР 24 аз қавли
манобеи худ хабар дод.

Ёдовар мешавем, сарнавишти ин зану кӯдакашро, ки барои як иштибоҳ
дар шиноснома онҳоро ба қаламрави Русия роҳ надоданд, сокини
Нижнекамск Алберт Хисамов расонаӣ кард. Хисамов дар шабакаи
“ВКонтакте” навишт, ки дар толори фурудгоҳ барои ин зан ва кӯдакаш
як чизи монанд ба кати хоб дуруст кардаанд ва мехоҳанд, ки ӯро ба
Тоҷикистон пас бифиристанд. “Шиносномаи ӯро гирифтаанд ва пас
намедиҳанд. Тавре маълум шуд, ӯро иҷозати вуруд ба Русия
намедиҳанд, чунки мақомоти ВКД дар шиносномааш дар навишти
насаби ин зан иштибоҳе пайдо кардаанд. Аз ҷониби ӯ иштибоҳе нест,
вале мушкилашро ҳал кардан намехоҳанд, балки мехоҳанд, ки ӯро ба
Тоҷикистон пас бифиристанд”, – менависад муаллиф.
Дар видеое, ки дар Интернет нашр шудааст, ин зан аз паси кадр мегӯяд:

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button