УмумӣХабарҳои кӯтоҳ

ОДАМКУШӢ ДАР КОНИБОДОМ, МУНОҚИШАИ ХУНИН ДАР ВАҲДАТ, ДУЗДӢ ДАР БАЛХ ВА МАРГИ ЯК ЗАН ДАР СПИТАМЕН

Марди 27-солаи сокини ҷамоати Патар дар Конибодом ба он
гумонбар мешавад, ки шоми 29 август, соати 19:30 дар даромадгоҳи
кӯчаи Пахтакори шаҳри Конибодом бо сокини 40-солаи ҷамоати
Патар ҷанҷол карда, ӯро шадидан латтукӯб кардааст. Дар натиҷа,
ҷабрдида бо сараш ба замин афтида, ба ҳалокат расидааст. Дар ин
робита бар асоси қсими сеюми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии
Тоҷикистон бо иттиҳоми расондани осеби вазнин ба саломатӣ, ки
боиси марги инсон шудааст, парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба марди
дастгиршуда то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Сокини 32-солаи ҷамоати Б.Бурунов ба он гумонбар мешавад, ки
шоми 29 август, соати 18, дар дохили қаҳвахонаи воқеъ дар кӯчаи
Рӯдакии шаҳри Ваҳдат аз ҳиссиёти авбошӣ сокини 38-солаи Ваҳдатро
лату кӯб намуда, бо мурваттобак (отвёртка) як маротиба ба қафаси
синааш задааст.
ххххххххххх
Як зани 45-солаи сокини шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен шаби 29
август, соати 20:30, дар ҳудуди деҳаи Навбунёд дар зери чархи
мошини “Опел” ба ҳалокат расидааст.
ххххххххххх
Сокини 38-солаи шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷ.Балхӣ ба он гумонбар
мешавад, ки рӯзи 29 август аз манзили ҷавони 25-солаи сокини ин
шаҳрак 10 ҳазор сомониро дуздидааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 31 августи маркази матбуоти ВКД
Тоҷикистон
Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг
гардидааст
Рӯзи 29-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, ба
беморхона ҷасади марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Патари
шаҳри Конибодом, бо аломати марги зӯроварӣ лату кӯб, дастрас карда
шуд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби
кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Патари
шаҳри мазкур бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ
дастгир карда шуд.
Номбурда, 29-уми августи соли 2021, тахминан соати 19:30-дақиқа,
ҳангоми дар даромадгоҳи кӯчаи Пахтакори ҳамин шаҳр қарор
доштанаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо марҳум ҷанҷол
намуда, якчанд маротиба ба аъзои баданаш задааст

Дар натиҷа марҳум бо сараш ба замин афтида, ба ҳалокат расидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот
идома дорад.
Ошкор гардидани ҷинояти авбошӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза марди 38-солаи сокини шаҳри
мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 29-уми августи соли 2021, тахминан
соати 18:00, дар дохили қаҳвахона, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакии ҳамин шаҳр
марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Б.Бурунови шаҳри Ваҳдат аз
ҳиссиёти авбошӣ ӯро лату кӯб намуда, сипас, бо мурваттобак (отвёртка)
1-маротиба ба қафаси синааш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона
бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар ноҳияи Спитамен
Рӯзи 29-уми августи соли 2021, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи
автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Раҳимов Манучеҳр Турсунбоевич,
соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоеви ноҳияи
Спитамен, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Андарсой-Нов»,
воқеъ дар ҳудуди деҳаи Навбунёди ноҳияи мазкур, бехатарии ҳаракати
роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Мустафоқулова Гулнора
Умарқуловна, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳраки Навкати ҳамин
ноҳияро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Мустафоқулова Г.У. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ
бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.
Боздошт гардидани марди 38-сола бо гумони содир намудани
ҷинояти дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ бо ариза ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати
шаҳраки Балхи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 29-уми
августи соли 2021, шахсони номаълум, бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи
истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 10 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи
ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидан чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби

кормандони милитсия марди 38-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Балхи
ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ
дастгир гардида, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button