ВидеоМУҲОҶИРОН

ЯК НАВРАСИ ТОҶИК НАВРАСИ РУСРО БАРОИ ФУТБОЛКААШ БО НАВИШТАИ “Я РУССКИЙ” ЛАТТУКӮБ КАРДААСТ (ВИДЕО)

Шуъбаи тафтишоти шаҳри Раменское дар вилояти Маскав ба зидди як
ҷавони 19-солаи зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми паст задани шаъну
шарафи инсон дар заминаи миллӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.
Беҳрӯз Рӯзиев (Беха) ба он айбдор мешавад, ки соли 2019, вақте 17 сол
дошту ҳанӯз ноболиғ буд, дар деҳаи Софино дар канори Раменское як
ҳамсоли русашро барои пӯшидани футболка бо навиштаҷоти
миллатгароёнаи “Я Русский” латтукӯб кардааст.
Ин ҳодиса бино ба фарзияи тафтишот дар қарори кушодани парванда
чунин баён шудааст: “29 июли соли 2019, байни соатҳои аз 17 то 20,
Рӯзиев Б.В., с.т. 31.01.2002, дар як мавзеи воқеъ 30 метр дуртар аз
кӯдакистон ва 13 метр дуртар аз роҳи мошингузари деҳаи Софинои
ҳавзаи шаҳри Раменскоеи вилояти Маскав, бо ҳадафи барангехтани
кинаю адоват ва бо мақсади паст задани шаъну шарафи инсонӣ бо
аломатҳои қавмию нажодӣ ва забонӣ, бо истифода аз зӯроварӣ ба
сар ва бадани Леонтев Р.Г., с.т. 03.09.200, барои он ки ӯ дар тан

Дар робита ба ин қазия нисбат ба навраси зодаи Тоҷикистон бар асоси
қисми дуюми моддаи 282 Кодекси ҷиноятии Русия парванда кушодаанд.
Ин банди қонун ҳамчун ҷазо барои паст задани шаъну шарафи инсон
бо истифода аз зӯроварӣ ҷариа ба маблағи аз 300 то 600 ҳазор рубл,
корҳои маҷбурӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол ваё аз 3 то 6 соли зиндонро
пешбинӣ мекунад.
Вале чунин ҷазоҳо барои шахсони гунаҳкори калонсол аст. Беҳрӯз
Рӯзиев, ду сол пеш, вақте ин кор рӯй дод, мисли ҷабрдида ҳамагӣ 17 сол
буд ва ноболиғ шумурда мешуд.
Ҳоло маълум нест, ки чаро мақомот дар робита ба ин қазия танҳо баъди
ду сол парванда кушодаанд?
Мушовири президенти Русия, раҳбари Шӯрои ҳуқуқи инсон Валерий
Фадеев аз раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин
хостааст, ки рафти таҳқиқи ин парвандаро зери назорат бигирад ва
тафтишот минҷумла инро ҳам муайян кунад, ки чаро пулис ду сол ин
қазияро пинҳон дошта, бозрасӣ накардааст?
Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки Беҳрӯз Рӯзиев машқи гуштин
мекард ва назар ба ҷабрдида аз лиҳози ҷисмонӣ хеле бақувваттар буд.
Бино ба гузоришҳо, Беха Леонтевро ду маротиба латтукӯб кардааст ва
бори дуюм – баъди ба пулис шикоят кардани волидони ҷабрдида. Дар
видео дида мешавад, ки Беха он навраси русро зери мушту лагат
гирифта, ба он айбдор мекунад, ки ҳамроҳи волидонаш ба зидди ӯ ба
полис шикоят бурдааст

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button