МУҲОҶИРОНҲуқуқи инсон

ФУРУДГОҲИ БЕГИШЕВО: ЗАНИ ТОҶИК БО КӮДАКАШ РӮЗИ 30 АВГУСТ ДЕПОРТАТСИЯ МЕШАВАНД (ВИДЕО)

Маъмурияти фурудгоҳи Бегишевои шаҳри Нижнекамски ҷумҳурии
Тотористони Русия дар саҳифааш дар шабакаи «ВКонтакте» расман
қазияи боздошти як зан аз Тоҷикистонро, ки инак 4 шабонарӯз боз
наметавонанд аз ин фурудгоҳ берун бароянд, шарҳ дод.
Биноба фарзияи маъмурияти фурудгоҳ, ин зани соли таваллудаш 1989
бо кӯдаки нӯҳсолааш рӯзи 25 августи соли 2021 бо парвози ХуҷандБегишевои ширкати ҳавопаймоии “Уралские авиалинии” ба Бегишево
омад, вале азбаски ҳаққи вуруд ба қаламрави Русияро надошт, ба вай
иҷоати вуруд надоданд

“Тибқи қонунгузории Русия, ба ин шаҳрванд вуруд ба қаламрави
Русия манъ карда шудааст. Ба ин садад ин зан ҳамроҳи кӯдакаш дар
минтақаи тасфияи фурудгоҳи Бегишево қарор дорад. Бо кумаки
фурудгоҳ ва ширкати ҳавопаймоӣ барои ин зан ва кӯдакаш ҷиҳози
хоб ва ҷои хоб ҷудо карда, онҳоро бо се вақт хӯроки гарм таъмин
кардаанд. Депортатсияи онҳо ба рӯҳи 30 августи соли 2021 тавассути
парвози ширкати “Уралские авиалинии” ба нақша гирифта шудааст”, –
гуфта мешавад дар шарҳи маъмурияти фурудгоҳи Бегишево.
“Бомдод” қаблан хабар дод, ки як зан бо кӯдакаш, ки аз Тоҷикистон
омадааст, аз 25 август боз дар толори фурудгоҳи “Бегишево” дар канори
шаҳри Нижнекамск қарор дорад ва ба вай иҷозати вуруд ба қаламрави
Русия намедиҳанд.
Алберт Хисамов ном сокини Нижнекамск дар шабакаи “ВКонтакте”
навишт, ки дар толори фурудгоҳ барои ин зан ва кӯдакаш як чизи
монанд ба кати хоб дуруст кардаанд ва мехоҳанд, ки ӯро ба Тоҷикистон
пас бифиристанд.
“Шиносномаи ӯро гирифтаанд ва пас намедиҳанд. Тавре маълум шуд,
ӯро иҷозати вуруд ба Русия намедиҳанд, чунки мақомоти ВКД дар
шиносномааш дар навишти насаби ин зан иштибоҳе пайдо кардаанд.
Аз ҷониби ӯ иштибоҳе нест, вале мушкилашро ҳал кардан
намехоҳанд, балки мехоҳанд, ки ӯро ба Тоҷикистон пас
бифиристанд”, – навиштааст муаллиф.
Дар видеое, ки дар Интернет нашр шудааст, худи ин зан аз паси кадр
мегӯяд: “Салом алейкум. Ман бо кӯдакам дар фурудгоҳи Нижнекамск
қарор дорам. Се шабонарӯз шуд…”

Комментарий аэропорта Бегишево в связи с задержанием
гражданки Таджикистана.
25.08.2021г. рейсом Худжанд-Бегишево авиакомпании «Уральские
авиалинии» прилетела гражданка Таджикистана 1989 года
рождения с 9-летним ребёнком.
В соответствии с законодательством РФ въезд на территорию РФ
указанной гражданке не разрешен.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button