МУҲОҶИРОНҲуқуқи инсон

ШАҲРДОРИ МАСКАВ ДАР БОРАИ ЗАНОЗАНИҲОИ МУҲОҶИРОН: 200 КАС ДЕПОРТАТСИЯ ШУД, 15 500 КАС “ЗАПРЕТ” ГИР

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин рӯзи 28 август дар блоги худ бо як
лаҳни тунд дар бораи муҳоҷироне, ки даст ба қонуншиканиҳо ва
занозанӣ мезананд, изҳори назар кард ва навишт: “Ин хел мумкин
нест. Моро аз чунин меҳмонҳо хуш намеояд.”
Собянин хабар дод, ки дар моҳҳои охир пулис ба зидди муҳоҷирон як
силсила рейдҳои шадид анҷом дод ва дар натиҷа, нисбат ба муҳоҷирон
800 парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, ҳудуди 200 нафарро за Русия
депортатсия кардаанд ва 17,5 ҳазор нафари дигарро аз ҳаққи вуруд ба
Русия маҳрум кардаанд.

“Шояд барои касе ин аз ҳад сангин намояд. Вале дар оянда ҳам чунин
хоҳад буд. Маскав шаҳри меҳмоннавоз аст. Вале хоҳиш мекунем, ки
дар меҳмонӣ ба таври шоиста рафтор кунед “, – хитоб кардааст
Собянин ба меҳмонони пойтахти Русия.
Ҳушдори шаҳрдори Маскав дар бораи идомаи ихроҷи муҳоҷирони
шӯрапушт дар ҳолест, ки тайи ду рӯзи охир дар пойтахти Русия боз ду
занозании гуруҳӣ байни муҳоҷирон рух дода, пулис дар пайи занозании
шоми 27 август дар кӯчаи Бауман 14 нафар ва дар пайи занозании рӯзи
26 август дар як ҳостел дар Новая Москва беш аз 20 нафарро дастгир
кард ва 5 нафар аз иштирокчиёни занозанӣ дар Новая Москваро бояд
акнун аз Русия ихроҷ кунанд.
ВКД Русия низ қаблан ҳушдор дода буд, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро
барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ бидуни ягон чуну чаро аз
қаламрави Русия депортатсия карда, аз ҳаққи вуруд маҳрум хоҳанд кард.
Бино ба гузоришҳо, 46 иштирокчиии занозании шаби 12 июл дар назди
истгоҳи метрои “Кузминки” дар пайи ихроҷашон барои 40 сол аз ҳаққи
бозгашт ба Русия маҳрум карда шудаанд. Пулис гуфт, дар маҷмӯъ бояд
87 иштирокчии он занозанӣ аз Русия пеш карда шаванд.

Так не пойдет. О поддержании порядка в
среде мигрантов
Сергей Собянин
Москва – город, в который ежегодно приезжают миллионы
людей не только из наших регионов, но и других стран.
Традиционно с целью трудоустройства к нам прибывают сотни
тысяч мигрантов из стран СНГ. Большинство ведет себя
законопослушно.
Регистрируются, получают и оплачивают патенты, устраиваются на
порой тяжелые
виды работ и добросовестно трудятся.

Но, к сожалению, не все. Последнее время произошло несколько
серьёзных правонарушений, массовых драк.
Так не пойдет. Таким гостям мы не рады.
Поэтому полиция в последние месяцы провела жесткие рейды.
Возбуждено 800
уголовных дел, депортировано около 200 человек, 17,5 тысячам
запрещен въезд в
страну.
Кому-то это может показаться чрезмерным. Но так будет и
впредь. Москва – город гостеприимный. Но будьте добры в гостях вести
себя
подобающим образом.

<div style=»max-width: 100%; position: relative; width: 100%; padding-bottom: 56%;»><iframe allowfullscreen frameborder=»0″ style=»width: 100%; height: 100%; position: absolute;» name=»smotrim_player_2331661″ src=»//player.vgtrk.com/iframe/video/id/2331661/start_zoom/true/showZoomBtn/false/sid/smotrim/isPlay/false/mute/true/?acc_video_id=2449760″></iframe></div>

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button