Хабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУЗДЕ, КИ ТЕРМИНАЛИ БОНКИ “ЭСХАТА”-РО ШИКАСТ

Ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи
Ҷ.Расулов бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда
шуд. ВКД гуфт, ки номбурда, 19-уми марти соли 2021, тахминан соати
02:00, сандуқи терминали пардохти маблағи №000468-и ҶСК «Бонки
Эсхата», воқеъ дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд, ки ба марди 45-
солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, шикаста аз дохилаш 6
ҳазору 406 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари
расонидашуда 7 ҳазору 384 сомониро ташкил медиҳад

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз
ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти
Ғулакандози ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони содир намудани ҷинояти
дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 19-уми марти соли 2021, тахминан соати 02:00, сандуқи
терминали пардохти маблағи №000468-и ҶСК «Бонки Эсхата», воқеъ
дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд, ки ба марди 45-солаи сокини
шаҳри мазкур тааллуқ дорад, шикаста аз дохилаш 6 ҳазору 406
сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7
ҳазору 384 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 1
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот
идома дорад.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз
ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25 ва ноболиғи 15-солаи
сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани
ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Номбурдагон, 24-уми августи соли 2021 бо роҳи пинҳонӣ ба дохили
мағозаи қисмҳои эҳтиётии марди 40-солаи сокини шаҳри мазкур,
даромада, аз он ҷо қисмҳои гуногуни эҳтиётии автомашинаро дуздида,
аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 14 ҳазору 110
сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Муроҷиати марди 36-сола барои лату
кӯби беасос
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 36-солаи сокини
ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми августи соли 2021,
тахминан соати 20:30-дақиқа, дар назди бинои истиқоматиашон ӯро
марди 42 ва ҷавони 20-солаи сокинони ҳамин ноҳия бе ягон асос лату
кӯб намудаанд.
Дар натиҷа, номбурда ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ

бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button