АЗ 4500 ТО 5000 $ БАРОИ ВИЗАИ ОЛМОН: БОЗДОШТИ СОКИНИ ДУШАНБЕ БАРОИ ФИРЕБИ 5 НАФАР

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, як сокини 34-
солаи сокини ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иттиҳоми
қаллобӣ ба маблағи бузург дастгир шудааст. Ӯ ба он гумонбар
мешавад, ки рӯзҳои 10 ва 11 ноябри соли 2020 бо роҳи фиреб ба
боварии шаҳрвандон даромада, бо ваъдаи тайёр кардани
ҳуҷҷатҳояшон барои сафар ба Олмон аз ду сокини Душанбе 5-
ҳазордолларӣ ва аз ду сокини шаҳри Бохтар ва як сокини ҷамоати
Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ 4500-долларӣ гирифта, кори онҳоро буд
накардааст.
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 45-солаи сокини ноҳияи
мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 10-уми ноябри соли 2020, дар
хиёбони Рӯдакии пойтахт, марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи
фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта,
ваъда додааст, ки бар ивазаш ҳуҷҷатҳо барои ба давлати Олмон рафтан
тайёр карда медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Инчунин, номбурда бо ҳамин роҳ 11-уми ноябри соли 2020, дар
хиёбони Рӯдакӣ ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе
даромада, аз ӯ 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар
ивазаш ҳуҷҷатҳо барои ба давлати Олмон рафтан тайёр карда медиҳад,
аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Ҳамзамон, номбурда рӯзи 11-уми ноябри соли 2020, дар хиёбони
Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Бохтар
даромада, аз ӯ 4 ҳазору 500-доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст,
ки бар ивазаш ҳуҷҷатҳо барои ба давлати Олмон рафтан тайёр карда
медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Ҳамин тариқ гумонбаршаванда, рӯзи 11-уми ноябри соли 2020, дар
хиёбони Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини
шаҳри Бохтар даромада аз ӯ 4 ҳазору 500-доллари амрикоиро гирифта,
ваъда додааст, ки бар ивазаш ҳуҷҷатҳо барои ба давлати Олмон рафтан
тайёр карда медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Ҳамчунин, номбурда санаи 10-уми ноябри соли 2020, дар хиёбони
Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини ҷамоати
деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ даромада аз ӯ 4 ҳазору 500-доллари
амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш ҳуҷҷатҳо барои ба
давлати Олмон рафтан тайёр карда медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол
иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад