МУҲОҶИРОНХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ ҒОРАТИ IPHONE ДАР МАРКАЗИ МАСКАВ

Пулиси шаҳри Маскав як ҷавони 29-солаи зодаи Тоҷикистонро бо
иттиҳоми латтукӯб ва ғорати як марди раҳгузар дар минтақа Арбат, дар
маркази пойтахти Русия дастгир кардааст. Манбаи хабаргузории
“Москва” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтааст, ки ин ҳодиса соати дуи
шаби 22 август рӯй додааст.
“Шаби 22 август ба пулис як мард муроҷиат кард ва хабар дод, ки
ҳадафи ҳамлаи ғоратгарона қарор гирифтааст. Маълум шуд, ки
тақрибан соати 02:00 як нафар дар кӯчаи Болшая Молчановка аз
ҷабрдида талаб кардааст, ки телефонашро, ки тамғаи iPhone буда,
арзишаш 60 ҳазор рублро ташкил медод, ба ӯ бидиҳад. Вақте соҳиби
телефон рад мекунад, ғоратгар ба рӯи ӯ як мушт зада, телефонашро
кашида гирифтааст. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба зудӣ
нафари гумонбаршаванда дар ин ҷиноятро дастгир карданд. Ӯ зодаи
Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар қаламрави вилояти Свердловск
сабти ном дошт”, – нақл кардааст ҳамсуҳбати хабаргузории “Москва”

Дар робита ба ин ҳодиса бар асоси қисми дуюми моддаи 161 Кодекси
ҷиноятии Русия бо иттиҳоми ғоратгарӣ бо истифодаи зӯроварӣ
парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба зодаи Тоҷикистон бар асоси ин
банди қонун ҳамчун ҷазо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 5 сол ваё то 7
сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.
Бино ба омори расмии Русия, дар зиндонҳои он кишвар ҳудуди 7 ҳазор
шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷурмҳои гуногун адои ҳукм мекунанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия асосан бо ҷурмҳое, чун қочоқи
маводи мухаддир, тақаллуби аснод, садамаҳои нақлиётӣ, дуздӣ,
ғоратгарӣ ва қисме бо ҷиноятҳои сангинтаре, чун куштору роҳзанӣ ва
ҳатто терроризм зиндонӣ мешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button