ТОҶИКИСТОНЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ МОДАРЕ, КИ СЕ ГЕНЕРАЛ БА ДУНЁ ОВАРДААСТ

Сангимоҳ Раҳмонова, сокини деҳаи Паркамчии ҷамоати Пушинги
ноҳияи Данғара рӯзи 24 август дар синни 92 аз олам чашм пӯшид. Дар
ин бора ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” наздикони марҳум хабар доданд.
Бино ба иттилои онҳо, маросими намози ҷаноза ва дафни Сангимоҳ
Раҳмонова рӯзи 24 август, дар намози пешин доир мешавад.
Сангимоҳ Раҳмонова ҳамсари Футур Раҳмонов, як шахсияти бонуфуз
дар ноҳияи Данғара, ва модари се генерали тоҷик буд. Ду фарзанди ӯ
дар як соли охир аз бемории коронавирус ҷон доданд.

Дар умум, чор фарзанди Футур ва Сангимоҳ Раҳмоновҳо дар ҳукумати
кунунии Тоҷикистон ба мансабҳои баланд расида, аз ҷумла се нафараш
сазовори рутбаҳои генералӣ шуданд, ки дар таърихи Тоҷикистон
ҳодисае бесобиқа мебошад.
Писари калонии онҳо генерал-майор Ҷумъахон Футуров солҳои зиёд
муовини “Зорро “(генерал Иззатулло Шарифзода), раҳбари Саридораи
зиндонҳои вазорати адлия буд ва ҳоло ба нафақа баромадааст.
Генерал-майори милиса Алихон Раҳмонзода қаблан дар мақомҳои
сардори раёсати мубориза бо маводи мухаддири ВКД ва муовини вазир
кор карда, чанд сол роҳбарии Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияро
низ бар уҳда дошт ва сипас боз ба ВКД баргашта, сардории чанд раёсат,
аз ҷумла раҳбарии Хадамоти “Муҳофиза”-ро бар ӯҳда дошт. 30 октябри
соли 2019 Алихон Раҳмонзода раҳбари раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД,
ба истилоҳ “пулиси сайёҳӣ” таъйин шуд. Генерал Алихон Раҳмонзода 1
сентябри соли 2020 аз коронавирус ҷон бохт.
Фарзанди дигари Футур Раҳмонов – генерал Лолахон Раҳмонзода дар
тӯли қариб 10 сол роҳбари Агентии амволи махсусро дар даст дошт.
Писари чоруми ин хонавода Аҳмадҷон Раҳмонзода, ки соли 1968 ба
дунё омада, риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро
хатм карда буд, як умр дар низоми прокуратура кор кард. Ӯ чандин сол
прокурори ноҳияҳои Қубодиён ва Дӯстии вилояти Хатлон буд. Соли
гузашта ӯ ба Прокуратураи генералӣ ба кор гузашт ва дар раёсати
назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти милитсия ва агентии зидди
маводи мухаддир кор мекард. Аҳмадҷон Раҳмонзода низ алакай ба
рутбаи полковники адлия даст ёфта, дар остонаи мисли се бародари
дигараш генерал шудан қарор дошт, вале умр вафояш накард. Ӯ рӯзи 9
августи соли 2021 дар манзилаш дар шаҳри Бохтар дар синни 53 ба
иллати коронавирус аз олам чашм пӯшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button