Нуқтаи назар

ПОСУХИ ТУНДИ МУДИРИ РАДИОИ ОЗОДӢ БА ТУФИ МУНТАҚИДОН: БАЪЗЕРО ДАҲОНУ МАКЪАД ЯКЕСТ

Салим Аюбзод, мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ, як расонаи
байналмилалӣ, ки аз ҷониби Конгресси Амрико маблағгузорӣ мешавад,
рӯзи 23 август дар як вокуниши тунд хитоб ба мунтақидонаш дар
Фейсбук навишт: “Бисёр бубахшед, ночорам бигӯям, ки баъзеро
даҳону макъад якест. Сабукӣ муборакашон бод!“

Ин вокуниши Салими Аюбзод зоҳиран ба як матлаби як рӯз қабли
журналисти тоҷики муқими Амрикост, ки низ бо як лаҳни тунд Салим
Аюбзодро “Муҷоҳид” ва “сухангӯй”-и Толибон (яке аз сухангӯёни асосии
Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ном дорад) номид ва навишт, “касе ба ин
БУЗург гап намезанад, баъзеҳо ҳатто журналистикаро бе ӯ тасаввур
намекунанд.”

Сабаби интиқоди Раҳнавард аз Аюбзод як пурсиши ду рӯз пеши Радиои
Озодӣ дар саҳифааш дар Фейсбук шуд, ки дар он Озодӣ ҳукумати
кунунии Тоҷикистонро бо режими Толибон қиёс мекард:
“Чанд кас навиштаанд, ки Толибон он қадар бад ҳам нестанд ва ҳатто
аз ҳукумати Тоҷикистон беҳтаранд. Шумо чӣ назар доред?”
Озодӣ дар идома барои хонандагонаш се варианти ҷавобро пешниҳод
кардааст:

  1. Толибон беҳтаранд
  2. Ҳукумати Тоҷикистон беҳтар аст
  3. Намедонам, кадоме беҳтар аст.

Вале бисёриҳо ин гуна муқоиса кардани ҳукумати кунунии Тоҷикистон
бо режими Толибонро хилофи меъёрҳои журналистӣ номида, аз
раҳбарони Озодӣ шарҳ хостаанд.
Салими Аюбзод дар посух он ҷумлаи тундро навишт, вале вақте
корбарон боз ҳам шарҳи он назарпурсиро талаб карданд, дар ҷавоб ба
яке аз корбарон навишт: “Шарҳаш сода аст. Барои Шумо аҷиб
наменамояд, ки садҳо ҳамзабони мо аз Толибон тарафдорнӣ
мекунанд ва онро беҳтар аз ҳукумати Тоҷикистон меноманд ё ҳатто
барои худ муайян карда наметавонанд, ки кӣ кист?”
Вале вақте ки дар атрофи ин пурсиши ҷанҷолбарангез баҳсҳои сахт
бархост, Радиои Озодӣ ин пурсишро аз саҳифааш дар Фейсбук пок кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button