Ҷомеа

НОМИ МАРДИ МУТТАҲАМ БА ТАҶОВУЗ ВА ҚАТЛИ ДУХТАРИ 9- СОЛА ОШКОР ШУД

Манбаи хабаргузории “Азия Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти
Хатлон гуфт, бо иттиҳоми таҷовуз ва қатли духтари нӯҳсола дар ноҳияи
Хуросон ҳамсояи онҳо Рустам Болтахонов дастгир шудааст. Рустам
Болтахонов падари 3 фарзанд буда, қаблан дар Русия барои куштор суд
шудааст.
Ба гуфтаи манбаи “Азия Плюс”, Рустам Болтахонов, сокини деҳаи
Меҳанти ҷамоати Ҳилолӣ рӯзи 16 август, тахминан соати 12 дар ҳолати
мастӣ духтари ҳамсояро бо роҳи фиреб ба хонааш бурда, таҷовуз
кардааст. Вақте духтар гуфтааст, ки ба модараш хабар медиҳад,
Болтахонов боз як бори дигар ба номуси кӯдак расида, сипас ӯро буғӣ
карда куштааст ва шабона ҷасадро дар канал партофтааст

Ҷасади духтарро як рӯз баъд пайдо кардаанд. Ташхис нишон дод, ки ӯ
қабл аз куштан таҷовуз шудааст.
Як манбаи дигари “Азия Плюс” дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти
Хатлон гуфтааст, гумонбаршаванда зоҳиран аз қабл барои ин ҷиноят
омодагӣ мегирифт, чунки тавре маълум шуд, аз ин пеш чанд маротиба
ба духтарак меваву шириниҳо дода будааст.
Он рӯзи 16 август зану кӯдакони Болтахонов ба хонаи хешу таборашон
меҳмонӣ рафтаанд ва ӯ ин фурсатро истифода бурда, даст ба чунин
ҷинояти мудҳиш задааст.
Ҳоло ба зидди ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ: 138, қисми 3
(таҷовуз ба номуси кӯдаки хурдсол) ва 104, қисми 2 (куштори ноболиғ)
парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба Болтахонов бар асоси ин ду банди
қонун ҳукми зиндони умрбод таҳдид мекунад. Ва онҳо танҳо барои он
ки дар Тоҷикистон судур ва иҷрои ҳукми қатл аз соли 2004 ба ин тараф
таҳти мораторий қарор дорад.
Вақтҳои охир, дар пасманзари зиёд шудани хабари таҷовузи кӯдакони
хурдсол, шумори ҳарчӣ бештари сокинони Тоҷикистон талаб доранд, ки
ҳукми қатлро нисбат ба чунин ҷинояткороне, ки ба номуси кӯдакони
хурдсол мерасанд, барқарор кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button