АҲМАДИ МАСЪУД ПАРЧАМРО ГИРИФТ, ҲАЙБАТИ ТОҶИК ОЛАМРО ГИРИФТ

Офтоби осмон таслим шуд,
Боғ бар ҳукми хазон таслим шуд
Кишваре аз бими ҷон таслим шуд,
Ин ҷаҳон бар он ҷаҳон таслим шуд…
Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,
Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!
Дар замоне, ки дили дунё шикаст,
Ҳинду Чину Русу Омрико шикаст,
Охирин уммед бар фардо шикаст,
Ҳикмату ирфону Мавлоно шикаст,
Дар гулӯи модарон ово шикаст.
Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,
Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!
Чун имоми қавм имонро фурўхт,
Сарқумандонаш қумандонро фурўхт,
Афсараш сарбозу сарбонро фурўхт,
Кобулу Балху Бадахшонро фурўхт,
Нозанинони Хуросонро фурўхт.
Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,
Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!
Фарри масъўдӣ ба сар бархост ў,
Бо ҳамон фарри падар бархост ӯ,
Зинда шуд, бори дигар бархост ў,
Ҳамчу уммеди башар бархост ў,
Инак аз ҳар бому дар бархост ў.
Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,
Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!
Бозтоби гавҳари озодагон,
Офтоби Ховари озодагон,
Посдори сангари озодагон,
Сарбаландии сари озодагон.
Пешвои кишвари озодагон.
Аҳмади Масъуд парчамро гирифт,
Ҳайбати тоҷик оламро гирифт!