Коронавирус

70 ҲОЛАТИ НАВИ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 11 август хабар дод, ки дар як
шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 70 ҳолати нави сирояти сокинон ба
коронавируси нави COVID-19 сабт шуда, дар айни замон 76 бемор аз
коронавирус шифо ёфтаанд. Бино ба омори расмӣ, дар шабонарӯзи
охир дар кишвар ягон ҳолати фавт аз пандемия сабт нашудааст ва то
шоми 11 август дар Тоҷикистон 311 нафар дар шароити хона ё
бемористон аз коронавирус табобат мегиранд. Моҳи июл шумори
беморони коронавирус аз 400 нафар бештар шуда буд.
Вазорат мегӯяд, дар маҷмӯъ, аз аввали пандемия то шоми 11 август дар
кишвар 15 862 ҳолати сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд
гирифта шуда, аз ин шумор то санаи зикргардида 15 428 нафар (97,3%)
шифо ёфтаанд ва 123 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button