Иқтисод

10 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СЕЛИ ХАРОБИОВАР ДАР ДЕҲАИ РОҶРӮДИ ПАНҶАКЕНТ

Нимаи дуюми рӯзи 7 август, тахминан соати 16 як сели шадид ба болои
деҳаи Роҷрӯди ҷамоати Амондара дар канори шаҳри Панҷакент фурӯ
рехта, ба боғу роғ ва заминҳои кишти сокинон зарари зиёд расондааст.
Ин алакай дуюмин обхезӣ дар Амондара дар се рӯзи охир аст.
Бар асари селе, ки нимаи дуюми 5 август, соати 17:30 дар ҷамоати
Амондара омад, як сокини 60-солаи деҳаи Амондара ба ҳалокат расид.
Ҷасади ӯро сокинон баъди ҷустуҷӯи зиёд субҳи 6 август, соати 06:20 аз
зери лойю об берун кашида, ба наздиконаш супурдаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button