МУҲОҶИРОН

ҲАБСИ ХОНАГИИ ЯК ЗАНИ ҶОДУГАР АЗ ТОҶИКИСТОН БО ЛАҚАБИ ИЗАНА ДАР ОРЕНБУРГ

Кормандони бахши ҷустуҷӯи ҷиноии раёсати корҳои дохилии вилояти
Оренбурги Русия дар ҳудуди ноҳияи Оренбург як зани 31-сола аз
Тоҷикистонро бо иттиҳоми қаллобӣ нисбат ба як сокини 42-солаи
Оренбург дастгир кардаанд. Ин зан дар тӯли чандин сол ба “тибби
халқӣ” машғул шуда, ҳамчунин иддао мекардааст, ки истеъдоди
фавқулодда дошта, ҳар гуна бемориро табобат мекунад, чашми бадро
мегирад, гарму хунук мекунад ва ояндаро мебинад.
Вале бо вуҷуди чунин “истеъдод”, Ойиша Абдуҷалилзода Юсупӣ, ки бо
тахаллус ё лақаби Изана табибию ҷодугарӣ ва фолбинӣ мекард,
боздошти худашро фол зада натавонист.

Гузашта аз ин, ҳангоми тафтиши санадҳои Изана маълум шуд, ки ӯ пеш
Нигора Норбутаева ном дошта, қаблан дар қаламрави Русия ба
ҷавобгарии ҷиноятӣ кашонда шудаааст. Вале ӯ ба Тоҷикистон баргашта,
ному насабашро иваз карда, бо номи нав: Ойиша Юсупӣ ба Русия
баргашта ва ба мардумфиребӣ идома додааст.
Пулиси Оренбург мегӯяд, Изана бо роҳи фиреб ба боварии мардуми
зудбовар ва онҳое, ки ягон бемории сангин доранд ва ба ӯ ҳамчун ба
умеди охирин муроҷиат мекарданд, медаромад ва бо ваъдаи шифо аз
онҳо маблағҳои калон ба даст меовард. Изана ҳамин тавр, аз
муштариёни пулдору зудбовараш бо ваъдаи тоза кардани онҳо аз
чашми бад пули калон мегирифтааст.
Ӯ ба муштариён пешниҳод мекардааст, ки бояд хона ё ҷои корашонро
барои ҷустуҷӯи чизҳое, ки онҳоро ҷоду кардаанд, тафтиш кунад. Ба
гуфтаи пулис, Изана ҳангоми кофтукоб худаш ягон лухтаки вуду, ё қуфлу
калид, ё сӯзан ваё дандони ягон ҳайвонро пинҳонӣ дар он хона
мегузошт ва сипас гӯё дар пеши соҳибхона пайдо мекарду ӯро мутмаин
месохт, ки ҷодуяш кардаанд.
“Бо чунин мардумфиребӣ ӯ одамонро чунон метарсонд, ки онҳо
нафақат аз маблағҳои бузург, балки аз дӯстон, шарикони тиҷорӣ ва
ҳатто аз хешу табори худ ҷудо мешуданд. Ӯ муштариёнро мутақоид
месохт, ки онҳоро ягон одами наздиашон ҷоду кардааст ва сипас бо
иҷрои “маросим” ягон нафари комилан бегуноҳро нишон медод, ки
ин корро ӯ кардааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи хадамоти матбуоти
пулиси вилояти Оренбург.
Дар ҳоли ҳозир нисбат ба Изана бар асоси қисми сеюми моддаи 30,
моддаи 159 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми қасди қаллобӣ ба

ҲАБСИ ХОНАГИИ ЯК ЗАНИ ҶОДУГАР АЗ ТОҶИКИСТОН БО ЛАҚАБИ ИЗАНА ДАР ОРЕНБУРГ эълон шуда, ба сабаби 4 кӯдаки хурдсол доштанаш
вайро таҳти ҳабси хонагӣ қарор додаанд.
Пулиси вилояти Оренбург аз ҳамаи онҳое, ки аз аъмоли Изана зарар
дидаанд ваё дар бораи аъмолаш маълумоте доранд, хоҳиш кардааст, ки
ба мақомоти корҳои дохилӣ ваё бо ин рақамҳои телефон муроҷиат
кунанд: (3532) 79-02-55, 79-66-22, 79-66-55 ё 02 (102

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button