Сиёсат

ОҒОЗИ ҲАМЛАИ ТОЛИБОН БА КОБУЛ (ВИДЕО)

Як намояндаи баландпояи вазорати корҳои дохилии Афғонистон рӯзи
15 август ба агентии Рейтерс гуфт, ҷангиёни Толибон ба ҳамла ба Кобул
шурӯъ кардаанд. Ин манбаъ бидуни ироаи ҷузъиёт гуфт, ҷангиён “аз
ҳама тарафҳо” ҳамла карда истодаанд.
Рейтерс ҳамчунин хабар дод, ки рӯзи 15 август Амрико бо интиқоли 5
ҳазор сарбоз ба кӯчондани кормандони сафораташ аз Кобул шурӯъ
кардааст. Дипломатҳои амрикоиро аз бинои сафорат дар минтақаи
Вазир Акбархон ба фурудгоҳ мекӯчонанд.

Манбаи хабаргузории русии РИА Новости дар пойтахти Афғонистон низ
аз ҳамлаи Толибон ба Кобул хабар дода, гуфт, ҷангиён Пуҳантун
(Донишгоҳ)и Кобулро дар ғарби пойтахт ишғол карда, дар яке аз
ноҳияҳои пойтахт парчами худро барафрохтаанд.
Толибон дар ҳамин ҳол, видеоеро нашр карда, иддао кард, ки афсарону
аскарони як воҳиди бузурги урдуи давлатии Афғонистон дар канори
Кобул бо тамоми аслиҳааш ба онҳо таслим шуд.
Ва аммо дар маъмурияти президенти Афғонистон ба телевизиони Ал –
Арабия гуфтаанд, ки Кобул таҳти муҳосира қарор нагирифтааст. Вазири
дифои Афғонистон Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ дар як паёми видеоӣ
ҳамаро итминони хотир дод, ки онҳо тавони таъмини ҳимояти Кобулро
доранд. Вале дар пайи паиҳам ва тақрибан бе ҷанг ба Толибон таслим
шудани дигар шаҳрҳои бузурги Афғонистон ба ин ваъдаи Бисмиллоҳхон
дигар кам касе бовар мекунад.
Рустем Адагамов
@adagamov
На подступах к Кабулу афганские военные
подписывают акт сдачи талибам всей бригады
вместе с персоналом и техникой. Один из
командиров заявил, что правительство Гани
ничего не делало для них, зачем тогда умирать за
него?
Общие затраты США на Аф

Дар ҳамин ҳол, намояндаи расмии Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи
15 август дар Твиттер хабар дод, ки ин ҳаракат ба ҷангиёнаш амр
додааст, ки ба Кобул ҳамла накунанд. “Мо ба сарбозонамон амр додем,
ки дар даромадгоҳи Кобул биистанд ва дохили шаҳр нашаванд “, –
навиштааст сухангӯи Толибон.
Бино ба иттилои шабакаи телевизиони афғонии 1TV, роҳбарони
Толибон “бо ҳукумати кунунии Афғонистон дар мавриди вуруди
сулҳомези нирӯҳояшон ба Кобул музокирот пеш мебаранд “.
Ҷангиёни Толибон дар камтар аз 10 рӯзи охир назорати 26 вилоят аз 34
вилояти Афғонистонро ба даст оварданд ва Кобул дар ҳоли ҳозир танҳо
шаҳри бузурги ин кишвари ҷангзада аст, ки хориҷ аз назорати ин гуруҳи
тундрав боқӣ мемонад

Сарвазири Покистон Имронхон ахиран гуфт, чандин бор бо роҳбарони
Толибон дар бораи шарту шурути сулҳ дар Афғонистон музокирот
кардааст, вале онҳо то замони дар сари қудрат будани президенти
кунунӣ Ашраф Ғанӣ ба ягон муомила барои сулҳ розӣ нестанд.
Бар хилофи сарусадоҳо дар бораи истеъфои зуд ва хуруҷаш аз
Афғонстон, Ашраф Ғанӣ рӯзи 14 август дар як паёми видеоии зоҳиран аз
қабл сабтшуда изҳор дошт, ки ба Толибон муқовимат хоҳад кард. Вале ӯ
ҳамчунин иқрор кард, ки бо шарикони байналмилалии Афғонистон дар
бораи шароити пешомада дар кишвараш вориди машваратҳо мешавад.
Бино ба гузоришҳо, музокирот дар бораи шарту шурути истеъфои
Ашраф Ғанӣ, аз ҷумла бо дафтари сиёсии Толибон дар Доҳа ҳамчунон
идома дорад.
Дар бораи дар куҷо қарор доштани Ғанӣ ва аъзои ҳукуматаш
маълумоти дақиқе дастрас нест. Рӯзи 13 август сарусадое бархост, ки
ноиби аввали ӯ Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон фирор кардааст.
Амруллоҳ Солеҳ, ки дар солҳои 90 намояндаи вижаи Аҳмадшоҳ Масъуд
дар Душанбе буд, дар пойтахти Тоҷикистон хонаю дар дорад ва аксари
аъзои оила ва хешовандонаш дар Тоҷикистон зиндагӣ ва кору тиҷорат
доранд. Вале КДАМ Тоҷикистон овозаҳо дар бораи ба Тоҷикистон
гурехтани Амруллоҳ Солеҳро рад мекунад.

ОҒОЗИ ҲАМЛАИ ТОЛИБОН БА КОБУЛ (ВИДЕО) — Пойгоҳи хабарии «Бомдод»
https://www.bomdod.com/2021/08/15/oghozi-hamlai-tolibon-ba-kobul-video/ 5/5
Маршал Дӯстум ва Атомуҳаммади Нур, роҳбарони аввали ӯзбекҳо ва
тоҷикҳои Афғонистон, шоми 14 август, дар пайи ба дасти Толибон
афтодани пойгоҳи асосиашон – шаҳри Мазори шариф, маркази вилояти
Балх ва бузургтарин шаҳри шимоли Афғонистон, бино ба хабарҳо, ба
Ӯзбекистон паноҳ овардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба
қаламрави ин кишвар паноҳ овардани 84 низомии афғон, аз ҷумла 3
захмиро тасдиқ кард, вале дар бораи ин ки оё Атомуҳаммади Нур ва
маршал Дӯстум низ дар байни онҳо буданд ё на?, чизе нагуфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button