Коронавирус

ДАР ТОҶИКИСТОН АЛАКАЙ БЕШ АЗ 1,5 МИЛЛИОН НАФАР ВАКСИНА ГИРИФТААНД

ДУШАНБЕ, 13.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то
11 август 1 миллиону 541 ҳазору 475 нафар шаҳрвандон ба
ваксинатсияи зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро
гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи
зикргардида беш аз 130 ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат
гирифтаанд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати
тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат хабар медиҳад.
Танҳо давоми як рӯз, яъне 11 август дар мамлакат 60 ҳазору 823 нафар
шаҳрвандон ба ваксинатсия фаро гирифта шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button