Сиёсат

ВИДЕО: ТОЛИБОН АРКИ РАЁСАТҶУМҲУРИРО ДАР КОБУЛ ИШҒОЛ КАРД

Шабакаи телевизионии Al Jazeera ба таври мустақим сабти видеоии чӣ
гуна қасри раёсатҷумҳуриии Афғонистонро дар Кобул ишғол кардани
Толибонро нашр кард. Рӯзи 15 август, баъди он ки раисиҷумҳури
ҳамакнун собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ тарки кишвар кард ва аввал
ба Тоҷикистон ва аз онҷо ба Уммон фирор кард, ҷангиёни Толибон
вориди Арки раёсатҷумҳурӣ шуда, тасарруфи тамоми Афғонистонро
эълон карданд.
Толибон гуфт, барои музокирот бо роҳбарони давлат дар мавриди
интиқоли қудрат вориди Кобул шудааст. Толибон алакай пешниҳоди
ташкили ҳукумати муваққатро рад кард. Чунин пешниҳод буд, ки
ҳукумати муваққатро Алиаҳмад Ҷалолӣ, собиқ вазири корҳои дохилии
Афғонистон дар даврони Ҳомиди Карзай раҳбарӣ кунад.


Ба дасти пойгоҳи хабарии “сабти кӯтоҳи видеоие расид, ки
лаҳзаи дар фурудгоҳ ба ҳавопаймои ширкати “Ком Эйр” савор шудани
президенти Афғонистон Ашраф Ғаниро нишон медиҳад. Онҳое, ки ин
видеоро фиристоданд, мегӯянд, ки он рӯзи 15 август дар фурудгоҳи
Кобул сабт шудааст ва лаҳзаи тарки Афғонистон кардани Ашраф Ғаниро
нишон медиҳад.

Манобеи гуногуне то ин лаҳза тарки кишвар кардани Ғаниро тасдиқ
кардаанд.
Афғонистонро тарк кардани Ашраф Ғаниро раиси Шӯрои миллии сулҳи
Афғонистон доктор Абдуллоҳ низ тасдиқ кард. Ӯ Ғаниро акидан
“раисиҷумҳури пешини Афғонистон” номид ва гуфт, “инки
раисиҷумҳури пешини Афғонистон кишварро тарк кард ва миллатро
дар чунин як ҳолат қарор дод, Худованд барояш муҳосиба хоҳад кард ва
мардум ҳам қазовати худро хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, “Азия Плюс” бо такя ба Саҷҷоди Нуристонӣ, як
корманди дастгоҳи раёсатҷумҳурии Афғонистон хабар дод, ки Ашраф
Ғанӣ ҳамроҳи мушовири амниятии миллиаш Ҳамдуллоҳ Муҳиб ва
раиси идораи умури ҳукуматаш Фазлмаҳмуд Фазлӣ аз Кобул ба
Тоҷикистон ва аз онҷо ба кишвари сеюм парвоз кардаанд. Бино ба
охирин иттилои “Азия Плюс”, нуқтаи ниҳоии фирори Ашраф Ғанӣ
Уммон аст ва ӯ алакай ба онҷо расидааст.

Ашраф Ғанӣ, ки 72 сол дошта, зодаи вилояти Луғар мебошад, бори
аввал соли 2014 ба мақоми президенти Афғонистон расида, соли 2019
даврони раёсаташро барои боз 5 соли дигар тамдид кард. Ҳарду дафъа
рақиби асосии ӯ дар интихобот доктор Абдуллоҳ буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button