Иқтисод

СОҲИБИ ФЕРМАИ ХУКРО БАРОИ ИФЛОС КАРДАНИ ОБИ ДАРЁ БА ЯКУНИМ СОЛИ КОРҲОИ ИСЛОҲӢ МАҲКУМ КАРДАНД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов Насим Дӯстматов, соҳиби фермаи
хукпарварии Деҳмоёро бо ҷурми ифлос кардани оби Сирдарё ба
якуним сол корҳои ислоҳӣ маҳкум кардааст. Ин ҳукм маънои ҳабси
Насим Дӯстматовро надорад, вале ӯ баъд аз даҳ рӯз аз тарафи Идораи
зиндонҳо ба корҳои ислоҳӣ ҷалб хоҳад шуд. Номи Насим Дӯстматов
моҳи июли имсол вақте расонаӣ шуд, ки додситони вилояти Суғд,
Фурқат Хоҷазода ӯро ба партофтани ахлоту пешоби 300 сар хук ба
дарёи Сир муттаҳам кард. Бисёриҳо ҳамин тавр, аз Дӯстматов барои
парвариши хук интиқод карданд, чунки истеъмоли гӯшти хук дар
Ислом ҳаром дониста мешавад. Вале Дӯстматов гуфтааст, мардум
нигарон набошанд, чунки харидори асосии маҳсулоти фермаи ӯ
хитоиҳое мебошанд, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button