Сиёсат

РАҲБАРИ ТОҶИКҲОИ АФҒОНИСТОН ФАРМОНДЕҲИ ҶАБҲАИ ЗИДДИ ТОЛИБОН ИНТИХОБ ШУД. ОЁ АЗ ДАСТИ УСТОД АТО ЧӢ МЕОЯД?

Атомуҳаммади Нур, раиси Ҷамъияти исломии Афғонистон, як ташаккули
умдаи сиёсии тоҷикони он кишвар, рӯзи ҷумъа, 13 август дар як ҷаласаи
фармондеҳони собиқи Эътилофи шимол дар Мазори Шариф, маркази
вилояти Балх, фармондеҳи басиҷҳои мардумӣ ба зидди Толибон
интихоб шуд. Мазори Шариф аз ангуштшумор марказҳои вилоятҳои
Афғонистон аст, ки то ҳол ба Толибон таслим нашудааст.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин раҳбари ӯзбекҳои Афғонистон маршал
Абдулрашиди Дӯстум ва фармондешҳи сипоҳи “Шоҳин” Забеҳуллоҳ
Мӯҳманд ва дигар фармондеҳони собиқи Эътилофи шимол иштирок
доштаанд.

Маршал Дӯстум гуфт, “файсала ин шуд, ки агар ин ҳатто бо хуни мо,
раҳбарон, тамом шавад, мо бояд аз Балхи бостон дифоъ кунем. Мо
набояд иштибоҳи гузаштаро такрор кунем. Ин иштибоз не, балки
хиёнат хоҳад шуд ва ояндагон моро хоинин хитоб хоҳанд кард.”
Атомуҳаммади Нур таҳдиди Толибон ба шимоли Афғонистонро як
имтиҳони таърихӣ номид, ки мардум ва фармондеҳони собиқ дар
баробари он қарор гирифтаанд.
Дар нишаст ҳамчунин қарор шудааст, ки сипоҳи “Шоҳин” аз басиҷҳои
мардумӣ дар муқобили ҳамалоти баъдии Толибон пуштибонӣ хоҳад
кард.

Вале ноиби аввали президенти Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ дар Кобул
гуфтааст, ҳукумати кунунӣ ба Толибон, ки алакай ҳудуди 20 вилоят аз 34
вилояти кишварро ба даст овардаанд, муқовимат нишон хоҳад дод.
Мақомоти расмии Афғонистон кӯшиш доранд, ки ҳатто аз даст додани
шаҳрҳову вилоятҳоро ҳамчун як “гашти тактикӣ” ба қалам бидиҳанд.
Барои мисол, ҳафтаи гузашта нирӯҳои давлатӣ ду шаҳри муҳими Кундуз
ва Толиқонро ба Толибон дода, худ ба вулусволиҳои Фархор ва Варсаҷ
фирор карданд. Вале Амруллоҳ Умарӣ, яке аз афсарони нерӯҳои
командои вазорати дифоъи Афғонистон дар Кундуз ба Sputnik
Тоҷикистон ин фирори нирӯҳои давлатиро чунон тоб дода, қисса
кардааст, ки гӯё на Толибон онҳоро, балки онҳо ҷангиёни толибро
суросур карда бошанд. “Аввал тасмим ин буд, ки “Толибон” – ро дар
Шерхон Бандар торумор карда, ба Тоҷикистон фирор кунем, чун
фосилаи Кундузу марзи он кишвар ҳамагӣ 25 километр аст. Аммо аз
Кобул фармон шуд, ки ба Фархору Варсаҷ биравем. Дар роҳ ҳар чӣ
толиберо, ки буд, саркӯб карда, худро ба ин вулусволиҳо расондем”, –
гуфтааст Умарӣ.
Ҳамин тавр, мақомоти афғон ба Sputnik Тоҷикистон фирори нирӯҳои
давлатӣ аз Файзобод, маркази вилояти Бадахшонро низ ҳамчун гӯё
пирӯзӣ ба қалам дода, гуфтаанд, “шаби 10 ба 11 август мудофеъини

РАҲБАРИ ТОҶИКҲОИ АФҒОНИСТОН ФАРМОНДЕҲИ ҶАБҲАИ ЗИДДИ ТОЛИБОН ИНТИХОБ ШУД. ОЁ АЗ ДАСТИ УСТОД АТ…
https://www.bomdod.com/2021/08/14/rahbari-tojikhoi-afghoniston-farmondehi-jabhai-ziddi-tolibon-intihob-shud-oyo-az-dasti-ustod-ato-chi-meojad-… 4/9
шаҳри Файзобод низ хатти “Толибон” дар қисмати ғарбии атрофи
шаҳр ва вулусволии Кишм шикаст дода, ба Фархору Варсаҷ
ақибнишинӣ карданд.”
Ва аммо бо вуҷуди хушбинию ура-ураи мақомоти расмӣ, дигар кам касе
бовар дорад, ки басиҷҳои мардумӣ битавонад пеши роҳи Толибонро
бигирад. Ва масъала ин нест, ки мардум ба Толибон муҳаббату алоқаи
зиёд дошта бошанд. Масъала ин аст, ки мардум дар Афғонистон чандон
майлу азми ҷангидан ва гузашта аз он, ҷони худро қурбон кардан барои
ҳукумати саропо фасодзадаи Ашраф Ғанӣ ваё барои собиқ
фармондеҳони саҳроиеро, ки ин қадар сол фақат машғули худфурӯшӣ
ва ғундоштани сарвату пул аз ҳисоби миллиардҳо доллари барои
бозсозии Афғонистон ҷудокардаи ҷомиаи ҷаҳонӣ буданд, надорад.
Амалан ҳукумати кунунии Афғонистон ва фармондеҳони собиқе, ки
мардум аз пасашон нарафт, имрӯз сазои амалҳои худро пардохт карда
истодаанд.
Талоши нокоми ҷалби аҳолӣ ба басиҷҳои мардумӣ таҳти парчами
фармондеҳони собиқро ҳама дар Ҳирот шоҳид шудем, ки Исмоил Хон,
фармондеҳи дар гузашта шуҳратёри ин минтақа баъди ҳамагӣ чанд рӯзи
муқовимат худ ба дасти Толибон асир афтод. Ин ки асорати ӯ натиҷаи
хиёнат буд ё муомилаи дигарон бо Толибон, ин мавзӯи дигар аст

Ҳамин тавр, дар чанд вилоят, аз ҷумла дар Ҳирот, Урузгон ва Ғазнӣ худи
волиён ва фармондеҳони урдуву нирӯҳои амниятӣ ва пулис ин
вилоятҳоро тақрибан бидуни ҷанг ба Толибон супурданд. Волии Урузгон
ошкор гуфт, ки сарони қабоил аз ӯ хостаанд, то муқовиматро ба зидди
Толибон бас ва мардумро беҳуда қурбон накунад.
Бовар меравад, ин волиён ва мансабдоронеанд, ки дар вақташ
мансабҳои худро бо пули калон аз ҳукумати фасодзадаи Ашраф Ғанӣ
харида буданд ва дар аввалин сахтӣ ҳукумати кунуниро ҳам фурӯхтанд.
Дар ин байн қиссаи волии Ғазнӣ Довуди Лағмонӣ, ки ҳамроҳи
муовинонаш бо ҷурми хиёнат ҳабс ҳам шудааст, ҷолиб аст, ки гуфта
мешавад, вақте пул доду вазифаро харид, ӯро аввал ба вилояти Форёб
ба ҳайси волӣ фиристоданд, вале мардум онҷо эътироз кард ва раёсати
Лағмониро напазируфт. Вале азбаски ӯ алакай пули мансабро дода буд,
ӯро ба ночор ба ҳайси волӣ ба Ғазнӣ фиристоданд, ки рӯзи 12 август
Ғазниро ҳам бе ҷанг ба Толибон супурд.

Ҳамин тавр, видеои сайругашти ҷангиёни толиб дар қасри пуршукӯҳи
маршал Дӯстум дар Шибирғон сарусадои зиёде дар байни мардум ба по
кард. Вақте мардум дид, ки Дӯстум дар як кишвари ҷангзадаву саропо
харобшудае, чун Афғонистон, барои худ чӣ қасру кӯшке пурҳашаммат
сохтаву, дар даруни тиллову ҷавоҳир зиндагӣ мекардааст, магар дар
касе хоҳиши дигарбора таҳти парчами ӯ қад алам кардан пайдо
мешавад?

Бо ин ҳол, ҷангинёни Толибон ҳамлаҳояшон ба марказҳои вилоятҳоро
идома дода, алакай наздики 20 маркази вилоят аз 34 вилояти
Афғонистонро ишғол кардаанд.
Рӯзи 13 август шаҳри Таринкот, маркази вилояти Урузгон ва ба дунболи
он, шаҳри Пули АламЮ маркази вилояти Луғар, воқеъ дар ҳамагӣ
50километрии Кобул низ ба дастит Толибон афтод. Рӯзи 12 август
Толибон шаҳри таърихии Ғазнӣ ва ҳамчунин Қандаҳору Ҳирот, ду шаҳри
баъди Кобул аз ҳама бузургтарини Афғонистонро ба даст оварданд.
Ба ин тартиб, ҳоло тақрибан 70% қаламрави Афғонистон, аз ҷумла ҳадди
аксари тӯли марзҳои ин кишвар бо Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон

Ӯзбекистон ва Туркманистон таҳти назорати ҷангиёни Толибон қарор
гирифтааст.
Бисёриҳо тарс доранд, ки бо чунин суръати пешрафтҳои Толибон Кобул,
пойтахти Афғонистон низ метавонад ба дасти онҳо суқут кунад. Як
мақоми низомии Амрико гуфт, ҷангиёни Толибон шояд то 30 рӯзи оянда
Кобулро ба муҳосира гирифта, дар зарфи то 90 рӯз пойтахти
Афғонистонро ишғол кунанд.
Шоири тоҷик Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ ончиро, ки имрӯз дар Афғонистон
мегузарад, дар як байт чунин ба риштаи тасвир кашидааст:
Мегӯянд:
Гурӯҳи Толибон бо дасти холӣ дар такопӯянд,
Ғанию Абдулло роҳи гурези хеш меҷӯянд…
Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button