Ҷомеа

ҲАЛОКАТИ 5 НАФАР ДАР 5 САДАМАИ РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ

ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду рӯзи ахири истироҳат дар 5
садама дар ҳудуди ноҳияҳои Данғара, Нуробод, Восеъ ва Хуросон 5
нафар ба ҳалокат расидаанд. Аз ин 5 садама ду садамааш дар ҳудуди
ноҳияи Хуросон рӯй додааст.
Ҳафтаи гузашта танҳо дар як садама дар Дарвоз 5 узви як оила, ки
тобути як зани 84соларо барои гӯручӯб ба ноҳияи Ишкошим
мебурданд, ҷон бохта буданд.

ҲАЛОКАТИ 5 НАФАР ДАР 5 САДАМАИ РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ —
дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс С”, Раҳмонов
Исломиддин Саидович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Душанбе,
ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи
Хуросон, аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, велосипедрони
ноболиғ Бутаев Шаҳобиддин Ҷунайдуллоевич, соли таваллудаш 2004,
сокини ҷамоати деҳоти Қизил-қалъаи ноҳияи мазкурро, ки роҳро аз
тарафи чап ба рост убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа, велосипедрони ноболиғ Бутаев Ш.Ҷ. ба саломатиаш
ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат
расидааст.
Мутаассифона, рӯзи 15-уми августи соли 2021, тахминан соати 00:30-
дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Ласети”, Холалиев Бекмурод
Алиҷонович, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Яккатути
ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти
шаҳри Бохтар, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи
Хуросон, аз уҳдаи идора кардани автомашинааш набаромада,
автомашинаро ба канори рости роҳ чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур Халилзода Ҳасан Тоҳир,
соли таваллудаш 1998, сокини ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи А.Ҷомӣ,
ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба
ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба
ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.
Рух додани якчанд садамаи нақлиётии
марговар дар давоми ду рӯз
Рӯзи 14-уми августи соли 2021, тахминан соати 8:30-дақиқа, ронандаи
автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Саидҳомуддинов Муҳамадҷон
Сайдқуллович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти
Балҷувони ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Балҷувон
ба самти ноҳияи Данғара дар роҳи мошингарди кӯчаи К.Қурбонови
ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада,
пиёдагард Ғашова Шарофат Файзуллоевна, соли таваллудаш 1962,
сокини ноҳияи Данғараро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Ғашова Ш.Ф. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар
беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, рӯзи 14-уми августи соли 2021, тахминан соати 15:25-дақиқа,
ронандаи автомашинаи тамғаи “Тoйота-Корола”, Сайдуллоев Насимҷон
Нуруллоевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми
ҳаракат аз самти ноҳияи Рашт ба самти шаҳри Ваҳдат, дар роҳи
автомобилгарди Ваҳдат-Рашт-Лахш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти
Меҳрободи ноҳияи Нуробод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт
набаромада, ба бетони канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи мазкур, Сайдуллоев Ҳамза
Нуруллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Кӯлоб, ҷароҳатҳои
гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон, рӯзи 15-уми августи соли 2021, тахминан соати 12:00,
ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Чақалов Исматулло
Сайдуллоевич, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти
М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб
ба самти шаҳри Душанбе, дар деҳаи И.Шарифи ҷамоати деҳоти
Гулистони ноҳияи мазкур аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт
набаромада, бо воситаи нақлиёти тамғаи “Моторола”, ки таҳти идораи
Баротов Ғулом, ки аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти деҳаи Меҳробод
ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Моторола” Баротов Ғ.
ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас
намудан ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, рӯзи 14-уми августи соли 2021, тахминан соати 18:30-

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button