Таърих

ГЕНЕРАЛ ИМОМЁРБЕКОВ ДАР СИННИ 66 АЗ ДУНЁ РАФТ

Генерал-майор Атобек Имомёрбеков, номзади илмҳои таърих, устоди
Академияи идоракунии давлатии вобаста ба Президенти Тоҷикистон,
собиқ муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон шоми 12 август дар
синни 66 аз олам чашм пӯшид.
Дар бораи иллати марги генерал маълумоте дастрас нашудааст.

милитсия дар Помир (солҳои 1917-1945) рисолаи номзадӣ ҳимоя карда,
ҳамагӣ як моҳ пеш аз маргаш, рӯзи 3 июли соли ҷорӣ дар ҷаласаи
кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарии Академияи идоракунии
давлатӣ бо иштироки олимони таърихшинос рисолаи докториашро дар
мавзӯи “Таърихи таъсис ва ташаккули мақомоти милитсияи ВМКБ
Тоҷикистон (солҳои 1917-2017)” ба маърази муҳокима гузошта буд.
Аммо мутаассифона, умр ба Атобек Имомёрбеков фурсат надод, ки
ҳимояи рисолаи докториашро то охир баранд ва соҳиби унвони
доктори илм шавад.
Muzaffar Imomdod
Ещё одно несчастье…
Сегодня от нас ушёл один из бывший заместитель внутренних дел
ТАДЖИКИСТАНА генерал-майор милиции Атобек Имомербеков.
Мои самые искренние соболезнования родным и близким.
Ту ҷоик ҷаннатанд вид башанд маки…

ГЕНЕРАЛ ИМОМЁРБЕКОВ ДАР СИННИ 66 АЗ ДУНЁ РАФТ — Пойгоҳи хабарии «Бомдод»

Мувирод Мувиродов
МАКҶОН ТУ ҶОЙИК ҶАННАТАНД ВИД……….
Шоми имрӯз риштаи ҳаёти собиқ муовини Вазири корҳои дохилӣ,
номзади илмҳои таърих, генерал-майори милитсия Атобек
Имомёрбеков канда шуд. Ҷояшон биҳишти ҷовидон бод

Аллоҳ таъоло ҷойи дӯст ва бародарамон, олим, генерал-майори
милитсия Атобек Имомёрбеков – ро ҷаннат гардонад. Бисёр инсони нек
буданд. Мутаассифона, шоми 12.08.2021 риштаи умрашон ба охир
расид. Алвидо

Устоди Академия, Имомёрбеков Атобек дар мавзӯи “Таърихи таъсис ва
ташаккули мақомоти милитсияи ВМКБ Тоҷикистон (солҳои 1917-2017)”
рисолаи докторӣ анҷом дода, дар ин ҷода таҳқиқоти арзишмандеро ба
сомон расонид.
Зимни баррасии мавзӯъ Имомёрбеков Атобек иброз дошт, ки таърихи
милитсияи тоҷик як ҷузъи ҷудонашавандаи таърихи халқи тоҷик ба
ҳисоб меравад. Баҳри боз ҳам пурқувват намудани таърихи навтарини
тоҷикон мо бояд ҳамаи самтҳои фаъолияти сохторҳои таркибии давлати
тоҷиконро бояд мавриди омӯзишу таҳқиқотҳои илмӣ қарор диҳем:
– Бо ҳамин хотир банда баъди ҳимояи рисолаи илмӣ ва сазовори
унвони илмии номзади илмҳои таърих соли 2015 бо тавсияи Шӯрои
илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи
Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба мавзӯи
мазкур таҳқиқотҳои илмиро идома дода, хушбахтона аллакай дар зинаи
аввали муҳокимаи рисолаи илми ман қарор дода шуд,”- афзуд ӯ.
Дар доираи таҳқиқоти илмии н.и.т. Имомёрбеков А. бори аввал
фаъолияти милитсияи тоҷики ВМБК ҶТ аз рӯзи аввали таъсисёбӣ ва
ташаккулёбии минбаъдаи милитсияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон, фаъолияти пурсамари он дар давраҳои мухталифи таърих
тоҷикон то ба давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри
таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва
амсоли ин мавриди баррасӣ қарор дода шудаааст.
Бояд тазаккур дод, ки мавсуф кори илмиро таҳти роҳбарии сарходими
шуъбаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи
Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори
илмҳои таърих, профессор Рақиб Абдулҳаев ба анҷом расонида, пас аз
ҳимояи рисола аз рӯи ихтисоси 070002 – “Таърихи ватан” соҳиби унвони
доктори илмҳои таърих хоҳад гашт.
Ба устоди гиромӣ тавфиқ хоҳонем!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button