Таърих

РОЗҲОИ ЗИНДАГИИ СУРАЙЁИ ҚОСИМ: АЗ ТАЛАБИ ТАЛОҚ АЗ ПАДАРИ ШАБНАМ ТО ФИРОРАШ АЗ КӮЛОБ БО ПАДАРИ ФАРЗОНА

Нашрияи “СССР” дар як матлаби муфассал бисёре аз сирҳои то ҳол
ногуфта дар бораи зиндагии шахсии Сурайёи Қосим, Примадоннаи
эстрадаи тоҷикро нашр кардааст.
Маълум мешавад, ки номи овозхон дар шаҳодатномаи таваллудаш
Раҳима будааст, на Сурайё ва ӯ як вақт мехостааст, ки Раҳимаи Қосим
садояш кунанд.

Ӯ ҳамин тавр, издивоҷи худ бо овозхони кӯлобӣ Назирмадро иштибоҳи
даврони ҷавониаш номидааст. Сурайё 17 сол дошт, ки ба Назирмад
издивоҷ кард ва меваҳои 10 соли ин издивоҷ духтарони онҳо Рӯзигул ва
Шабнаманд, ки ба навиштаи “СССР”, ҳар ду чун себи дукафон
монанданд, вале як фарқ доранд, ки Рӯзигул роҳи маърифати ухравиро
пеша кардаасту Шабнам маърифати дунявиро.
Сурайё нақл кардааст, ки ба Хуршед Рабиев, падари Фарзона, соли 1986
дар тӯйи домодии Хуршед ошиқ шуд ва чанд моҳ баъд, вақте Назирмад
талоқашро надод, “оқибат ману Хуршед аз Кӯлоб ба Душанбе
гурехтем. Дар Кӯлоб овозаву дарвозаи зиёд шуд, аммо мо аз
райъамон нагаштем. Ҳарчанд Хуршед писари одами калони шаҳр буд,
аммо обрӯву иззати ҳамаро як сӯ гузошту муҳаббати маро як сӯ. Ман
низ ба ин муҳаббат носипосӣ накардам, ӯро дӯст доштам…

Барои ин амали “ғайриахлоқӣ” Сурайё аз экрани телевизион ғайб зад ва
дар Кӯлоб ҳатто барои муҳокимаи рафтори овозхон як ҷаласа ташкил
карданд. Нозирҷон Ёдгорӣ мегӯяд, раиси ҷаласа Сурайёро ба минбар
хонд, ки барои рафтораш ҷавоб диҳад, вале Сурайё “на ҷониби саҳна,
балки ҷониби дари баромада рафт ва пеш аз берун шудан ҷониби
раёсати ҷаласа, як нигоҳи теғдоре афканда, гуфт: Шумо ишқро аз куҷо
мефаҳмед!?”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button