Фарҳанг

Мақомот гуфтанд, барои вуруди Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чӣ монеъ мешавад

Тоҷикистон қабл аз қабули қарор дар бораи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иқтисодиёти кишварҳои узви ин созмонро таҳлил хоҳад кардДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё вақт лозим дорад. Дар ин бора ба РИА Новости вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода хабар дод.

«Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони ҷавон аст, аз ин рӯ, ҳоло баҳо додан ба ҳама ҷиҳатҳои мусбат ва манфии пайвастани ҷумҳурӣ ба ин Иттиҳод имконнопазир аст», — гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Завқизода, мақомоти Тоҷикистон таҷрибаи кишварҳои узви Иттиҳод бо иқтисодҳои шабеҳро меомӯзанд ва таҳлил мекунанд. Пеш аз ҳама, инҳо Қирғизистон ва Арманистон мебошанд.

Вазир таъкид кард, ки дар масъалаи шомилшавии ҷумҳурӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шитоб кардан маъно надорад. Таҳияи омори намунавӣ оид ба фаъолияти иқтисодии созмон метавонад солҳо тӯл кашад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button