Дин ва боварҳо

«Халтаи оташин»: генерал гуфт, чигуна 2,5 ҳазор «ҳамлагар» ба Тоҷикистонро нобуд месозанд

Генерал лейтенант Евгений Поплавский, муовини фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия, тавзеҳ дод, ки чӣ гуна то 2,5 ҳазор ҷангиёни созмонҳои террористиро дар сурати ҳамлаашон ба Тоҷикистон нобуд хоҳанд кардДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Генерал Евгений Поплавский дар ҳошияи тамриноти муштараки Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон гуфт, дар сурати ҳамлаи эҳтимолии ҷангиён барояшон “халтаи тактикии оташин” муҳайё хоҳад шуд, ки имкони ақибнишинӣ ба Афғонистонро низ нахоҳанд дошт. Ӯ бо баёни барномаи размоиш афзуд, ки дар доираи он бо низомиёни тоҷику ӯзбек таҷрибаеро табодул мекунанд, ки зимни амалиёт алайҳи нерӯҳои террористӣ дар Сурия касб кардаанд.Ноиби фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия тавзеҳ дод, ки тибқи барномаи размоиш ва гузориши нерӯҳои ҳавоии иктишофӣ соати 7 то 2,5 ҳазор ҷангиёни созмону гуруҳҳои тундраву террористӣ аз се ноҳия марзи Тоҷикистонро рахна мекунанд.Ӯ таъкид намуд, ки дар ҳамоҳангӣ нерӯҳои Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон барои ҳамлагарон халтаи тактикии оташинро фароҳам месозанд. Поплавский шарҳ дод, ки амалиёт дар марҳилаи аввал дар хатҳои мудофиавии якум, дуюм, сеюм ва ниҳоӣ чорум амалӣ мегардад.

Таъкид шуд, ки нахуст барои таҳкими мудофиа дар хатти аввал нерӯҳои иловагӣ тариқи чархболҳо интиқол дода мешаванд, аммо барои ҷилавгирӣ аз иҳота, тибқи дастури гирифтаашон нерӯҳо ба ҷабҳаи дуюми мудофиавӣ ақибнишинӣ мекунанд. Генерал афзуд, дар ҳоле ки нерӯҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҷабҳаи дуюм алайҳи ҳамлагарон муқовимат мекунанд, низомиёни Русия дар ҷабҳаи сеюм ҷой мегиранд, то аз иҳота кардани нерӯҳо ҷилавгирӣ шавад.Ноиби фармондеҳи Ҳавзаи марказии низомии Русия илова намуд, ки баъди ақибнишинии тактикӣ, нобудсозии ҷиҳодмобилҳо ва заифсозии адӯ, низомиёни се кишвар дар марҳилаи дуюми размоиш ба ҳамлаи ҷавобӣ мегузаранд.Дар ҳамлаи ҷавобӣ нерӯҳои танкии пойгоҳи 201, низомиёни тоҷик ва воҳидҳои махсус иштирок намуда, нерӯҳои захиравӣ ва ақибгоҳи ҳамлагарон мавриди зарба қарор дода мешаванд. Ба гуфтаи генерал Поплавский, сипас ба ҷабҳаи аввал нерӯҳои десантӣ партоб мешаванд, то аз ақибнишинии ҷангиёни созмонҳои террористӣ ба ҷануб пешгирӣ гардад. Ҳамин тариқ ҳамлагарон ба қаламрави Тоҷикистон хунсо хоҳанд шуд.Размоиши муштараки Тоҷикистон, Русия ва Ӯзбекистон тайи рӯзҳои охир дар размоишгоҳи “Ҳарбмайдон” дар 25 километрии марз бо Афғонистон баргузор шуда, 10 август марҳилаи ниҳоии он сурат гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button