Коронавирус

ДАРГУЗАШТИ МОДАРИ СУХАНГӮИ ҲНИТ АЗ КОРОНАВИРУС

Ниҳолбӣ Маҳмадова, модари Бобоҷон Қаюмзод, сухангӯи ҳизби феълан
дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ), рӯзи 8 август дар синни
70 дар манзилаш дар деҳаи Кӯли ҷамоати Даҳана дар канори шаҳри
Кӯлоб аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷаноза ва дафни
Ниҳолбӣ Маҳмадова субҳи 9 август, соати 8 дар деҳаи Кӯл баргузор
мешавад.
Бобоҷон Қаюмзод, ки чанд сол боз дар Литва паноҳандаи сиёсист, ба
пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, модараш аз бемории коронавирус ҷон
бохт: “Тақрибан як ҳафта боз ба ин вируси “вабои аср” печида буд ва
дар хона табобат мегирифт. Барояш дастгоҳи кислород ҳам оварда
буданд ва ягон се рӯзи охир тавассути баллони кислород нафас
мегирифт. Вале мутаассифона, азбаски бемории қанду фишори хун
дошт, аз чанги коронавирус наҷоташ дода натавонистанд ва нимаи
дуюми рӯзи 8 август моро тарк гуфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button