Коронавирус

ГЕНЕРАЛ РАҲИМЗОДА: ВАЗИРИ ТАНДУРУСТИРО ЛАТТУКӮБ КАРДАНД? МАН БОРИ АВВАЛ МЕШУНАВАМ (ВИДЕО)

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 4 август
дар нишасти хабариаш дар посух ба суоли хабарнигорон, ки оё
мақомот ҳодисаи латтукӯби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин
Абдуллозодаро таҳқиқ мекунанд?, дар ин бора изҳори бехабарӣ кард.
“Вазири тандурустиро латтукӯб карданд? Ман шахсан дар ин бор бори
аввал мешунавам. То имрӯз ягон шикоят дар ин бора ворид
нашудааст. Мо ҳам аз Интернет хондем, вале ягон гап нест”, гуфт
генерал Раҳимзода.

Маркази матбуоти Вазоратӣ тандурусти шоми 3 август бо нашри се акс
дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки вазир Ҷамолиддин
Абдуллозода ба кор баргаштааст ва рӯзи сешанбе ҳатто шахсан

“муроҷиати як қатор шаҳрвандони кишварро, ки бо масъалаҳои
гуногун ба вазорат ташриф оварда буданд, шунида, вобаста ба ҳалли
масъалаҳои эшон ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас
дод”.
Ин нахустин аксҳои Ҷамолиддин Абдуллозода дар маҳзари ом дар пайи
хабари латтукӯбаш аз ҷониби хоҳарзодаҳои президент дар таърихи 20
июл аст. Дар аксҳо дида мешавад, ки вазир дар рӯяш ниқоб дошта, аз
корафтодагон чанд метр дур нишастааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button