ХабарҳоХабарҳоҶомеа

ЭЪТИРОЗИ ДАҲҲО НАФАР ДАР НАЗДИ ШАҲРДОРИИ ПАНҶАКЕНТ

Субҳи 4 август даҳҳо нафар аз сокинони Панҷакент, ки бояд тавассути
Ӯзбекистон ба Русия сафар мекарданд, дар назди ҳукумати Панҷакент
ҷамъ омаданд . Онҳо мегӯянд, ки дар даст чиптаи парвоз ба Русия аз
фурудгоҳҳои Ӯзбекистонро доранд, вале аз шаби 3 август ба ин тараф
касеро иҷозати убур аз гузаргоҳи Саразм дар марзи Панҷакент бо
ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд намедиҳанд. Дар ин бора
хабарнигори “Азия Плюс” дар Панҷакент Хуршед Фозилов хабар
додааст. Мардуми норозӣ гуфтаанд, ки агар аз марз гузашта натавонанд,
чиптаҳои харидаашон месӯзад. Бино ба гузориши “Азия Плюс”,
шаҳрдори Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба назди мардуми норозӣ
баромада, ваъда додааст, ки барои ҳалли мушкили онҳо талош хоҳад
кард.

Ин дар ҳолест, ки ҷониби Ӯзбекистон дар ин авохир кадом маҳдудияти
наве барои равуои шаҳрвандон эҷод накардааст. Марзбонҳои тоҷик
далели манъи убури марзро шарҳ надодаанд, вале гумон меравад, ки ин
метавонад ба шурӯи тафтиши шикоятҳо дар бораи аз ҳар мусофири
роҳии Русия аз 500 то 1000 сомонӣ “ҳақ” гирифтани кормандони
марзбонию гумрук дар гузаргоҳҳои марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон
мебошад.
Азбаски нархи чиптаҳои парвоз аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба Русия
хеле баланд рафта, гоҳо ҳатто аз 1000 доллар ҳам мегузарад, бисёре аз

сокинон маҷбур мешаванд аз тариқи Ӯзбекистон, ки нархаш нисбатан
арзонтар аст, чипта бихаранд.
Қаблан пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дода буд, ки дар гузаргоҳҳои
Саразм, Фотеҳобод ва Пахтаобод аз ҳар нафаре, ки тавассути Ӯзбекистон
мехоҳад ба Русия биравад, мақомоти гумруку марзбонии тоҷик то 1000
сомонӣ пул талаб мекунанд. Корафтодагон ин пулканиро бо киноя
“андози хуруҷ аз биҳишт” ном кардаанд.
АКСҲО АЗ “АЗИЯ ПЛЮС

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button