ВидеоМУҲОҶИРОНТаърихХабарҳо

ҚАРИБ ҲАМАИ БАДАХШОНИҲОИ ДАСТГИРШУДАРО ДАР МАСКАВ ОЗОД КАРДАНД. ОМОН ДАР ТАРАБХОНАИ ПОМИРӢ ДАР МАСКАВ ЧӢ МЕҶУСТ? (ВИДЕО+АКС)

Тақрибан ҳамаи зодагони Вилояти Мухттори Кӯҳистони Бадахшонро, ки
шаби 24 июл пулису ОМОН дар як тарабхонаи помирӣ дар наздикии
истгоҳи метрои “Черкизовская” дастгир кард, алакай ҷавоб додаанд.
Шаби шанбе пулиси Маскав беш аз 100 иштирокчии шоми ёдбуди
қурбониёни амалиёти соли 2012 дар Хоруғро боздошт карда буд.
Яке аз ин боздоштшудаҳо дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод”
тафсилоти ҳаводиси шаби 24 июл дар Черкизоворо нақл кард. Ба гуфтаи
ӯ, ҳоло дар пулис танҳо чанд нафар боқӣ мондаанд ва он ҳам барои
онки бо аснодашон каме мушкил доштанд.

“Дар вақти тафтиш санадҳои онҳо дар база набаромад, ки ин
метавонад натиҷаи нуқси фаннӣ дар кори базаи маълумоти пулис ҳам
бошад. Бақияро адвокатҳое, ки Меҳмоншо Меҳмоншоев, як ҳомии
шинохтаи ҳуқуқи зодагони Бадахшон дар Маскав, фиристод, озод
карданд”, – нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Меҳмоншо Меҳмоншоев низ, ба гуфтаи вай, ба шаби ёдбуд даъват шуда
буд, вале ба кадом далеле таъхир кард.



“Дар вақти тафтиш санадҳои онҳо дар база набаромад, ки ин
метавонад натиҷаи нуқси фаннӣ дар кори базаи маълумоти пулис ҳам
бошад. Бақияро адвокатҳое, ки Меҳмоншо Меҳмоншоев, як ҳомии
шинохтаи ҳуқуқи зодагони Бадахшон дар Маскав, фиристод, озод
карданд”, – нақл кард ҳамсуҳбати мо.
Меҳмоншо Меҳмоншоев низ, ба гуфтаи вай, ба шаби ёдбуд даъват шуда
буд, вале ба кадом далеле таъхир кард.
Ҳамсуҳбати мо гуфт, шоми 24 июл дар тарабхонаи воқеъ дар наздикии
истгоҳи метрои “Черкизовская”, ки идораи умураш дар дасти зодагони
Бадахшон будааст, ду чорабинӣ доир мешуд.
“Дар қабати аввали бинои тарабхона бо иштироки беш аз 10 нафар
шаби ёдбуди қурбониёни амалиёти Хоруғ мегузашт. Дар қабати
дуюми тарабхона, ки ин қабати бино ба шакли чид (хонаи помирӣ)
навсозӣ шудааст, як духтари ризокор (волонтёр) зодрӯзашро ҷашн
мегирифт. Дар ин шабнишинӣ низ ягон 50-60 меҳмони дигар ҷамъ

шуда буд. Шоми ёдбуд соати 20 сар шуд ва наздики соатҳои 21 яке аз
ҳамшаҳриён занг зада хабар дод, ки ОМОН ба тарафи мо рафта
истодааст ва беҳтар аст, агар мо шоми ёдбудро тарк кунем. Вале
ташкилкунандагон гуфтанд, ки мо ягон кори ғайриқонуние накарда
истодаем, агар пулис биояд ҳам, тафтиш мекунаду меравад. Мардум
бо ин гап таскин ёфт, вале баъди чанд дақиқа пулису ОМОН омад ва
ҳамаро бардошту бурд. Ҳам иштирокчиёни шоми ёдбудро ва ҳам
меҳмонони зодрӯзи он духтари бечораро ҳамроҳ бо худи соҳибҷашн”
– нақл мекунад ассказал наш источник.
Ба гуфтаи ӯ, дар пулис онҳоро бахусус дар мавриди эҳтимоли
иштирокашон дар занозании ахири гуруҳӣ байни зодагони Тоҷикистону
Қирғизистон бисёр бозпурсӣ мекарданд. Баъди он занозании шаби 12
июл дар назди истгоҳи метрои “Кузминки” дар Маскав қариб ҳар рӯз
рейдҳо гузаронда, муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказиро ба таври
оммавӣ дастгир мекунанд.

қаблан хабар дод, ки шоми 24 июл дар шаҳри Маскав
беш аз 100 зодаи Вилояти Мухттори Кӯҳистони Бадахшонро, ки дар
солгарди амалиёти Хоруғ дар шаби ёдбуди қурбониёни он амалиёт
ҷамъ шуда буданд, дастгир кардаанд. 24 июли соли 2012 дар ҷараёни
амалиёти махсус дар Хоруғ 41 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ
шуданд.
Аз он дам ҳар сол дар солгарди ҳаводиси Хоруғ дар худи ин шаҳр ва дар
дигар шаҳрҳое, ки зодагони Бадахшон ба сар мебаранд, шабҳои ёдбуд
барпо карда мешаванд, ки ба навиштаи Pamir Daily News, асосан аз

қироати Қуръон дар ҳаққи қурбониён ва хондани сурудҳои мазҳабии
мардуми Бадахшон иборатанд.
Сабаб ё баҳонаи расмии оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ куштори
генерал Абдулло Назаров, раҳбари раёсати амнияти вилояти Бадахшон
шуд. Генерал Назаровро шоми 21 июли соли 2012 дар Наводак, деҳае
дар дукилометрии Хоруғ аз мошинаш фароварда, бо зарби корд
куштанд.
Мақомот билофосила дар ин куштор Толиб Аёмбеков, як фармондеҳи
собиқи мухолифин дар Бадахшонро айбдор карданд.
Барои музокирот вазири дохила Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи
давлатии амнияти миллӣ Саймӯмин Ятимов ва вазири дифоъ Шералӣ
Хайруллоев ба Хоруғ рафтанд ва Раҳимзода аз тариқи телевизиони
вилоятӣ тақозо кард, ки гурӯҳҳои ғайриқонунӣ силоҳҳои худро супурда,
қотилонро то 24 июл таслим кунанд, вагарна давлат маҷбур аст, аз
нирӯи низомӣ истифода барад.

Вале ин талаб иҷро нашуд ва субҳи 24 июл нирӯҳои давлатӣ вориди
Хоруғ шуданд ва дар 4 маҳаллаи шаҳр – УПД, Бархоруғ, Хлебзавод ва
Навобод амалиёти поккорӣ оғоз ёфт. Гурӯҳҳои маҳаллӣ, ки
фармондеҳони собиқи мухолифин Имомназар Имомназаров,
Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов ва Толиб
Аёмбеков раҳбарони ғайрирасмии ин гурӯҳҳо шумурда мешуданд, ба
муқовимат пардохтанд ва задухӯрдҳо дар Хоруғ 16 соат давом кард.
Дар ҷараёни ин задухӯрдҳо, тавре мақомоти расмии Тоҷикистон соле
баъд ба Созмони Милал гузориш доданд, 41 нафар – 18 нафар аз
нирӯҳои ҳукуматӣ ва 23 нафар аз сокинони Бадахшон кушта шуданд.
Даҳҳо тани дигар дар ин тирандозиҳо ҷароҳат бардоштанд.
Амалиёти Хоруғ билофосила эътирози мардумро дар ин шаҳр ва дар
хориҷ ба бор овард. Сокинони Хоруғ бо талаби қатъи амалиёт ва берун
кашидани нирӯҳои давлатӣ ду рӯз тазоҳурот карданд. Тазоҳуроти
эътирозӣ ба зидди амалиёти Хоруғ ҳамчунин дар назди сафорати
Тоҷикистон дар Маскав, дар Петербургу Бишкек ва ҳатто дар
Вашингтони Амрико доир шуд.

Дар натиҷа, алакай рӯзи 25 июл президент Эмомалӣ Раҳмон амалиётро
қатъ ва дар Хоруғ оташбас эълон кард. Раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон
шоҳзода Карим Оғохон низ аз тарафи худ ба пайравонаш дар Бадахшон
фармон дод, ки муқовиматро бо ҳукумат бас карда, силоҳҳояшонро
супоранд.
Байни ҳукумат ва раҳбарони гурӯҳҳои ғайрирасмии Хоруғ музокирот
доир шгуд ва созише ба имзо расид, ки шартҳое, чун афви гуноҳи
ширкаткунандагони ҳодисаҳои Хоруғ дар ивази супурдани силоҳ ва ба
мақомот супурдани қотилони генерал Назаровро дар бар мегирифт.
Баъди ин вазъ дар Хоруғ нисбатан ором гирифт ва қисми зиёди нирӯҳои
давлатиро берун кашиданд, вале ҳамлаҳои алоҳида дар маркази
Бадахшон то тирамоҳи соли 2012 идома ёфт.
Аз ҷумла Сабзаалӣ Мамадризоев, раҳбари бахши шаҳрии ҳизби
мухолифи наҳзати исломиро, ки дар гирдиҳамоиҳо фаъолона суханронӣ
мекард, силоҳбадастони номаълум аз хонааш берун бароварда куштанд.
Як моҳ баъди оғози амалиёт Имомназар Имомназаров, яке аз
фармондеҳони ҷавонони Хоруғ низ дар манзилаш ба таври мармуз
кушта шуд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button