ВидеоМинтақа ва ҶаҳонТаърих

ЧАМАНИ ХУСТДЕҲ – ҚАРОРГОҲИ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД ВА МАКОНИ МУЗОКИРОТИ РАҲМОН ВА НУРӢ БА ДАСТИ ТОЛИБОН АФТОД

Бахши дарии ББС хабар дод, ки ҷангҷӯёни ҳаракати дар Тоҷикистон
мамнӯи Толибон шаби 30 июн “Чамани Хустдеҳ”, қароргоҳи таърихии
Аҳмадшоҳи Масъуд дар вулусволии Фархори вилояти Тахори
Афғонистонро ишғол кардаанд. Онҳо аксеро нашр кардаанд, ки дар он
як гуруҳи ҷангҷӯёни Толибон дар толори ҷаласоти “Чамани Хустдеҳ”
сабт шудаанд. Гуфта мешавад, ҷангҷӯён баъди ишғоли қароргоҳи
Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин толор ҷаласа баргузор кардаанд.

Чамани Хустдеҳ” дар вақташ қароргоҳи шоҳи собиқи Афғонистон
Зоҳиршоҳ буд. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам дар даврони муқовиматаш бо
Артиши Шӯравӣ ва ҳам замони набард бо Толибон аз ин қароргоҳ ба
ҳайси як пойгоҳи ситодӣ истифода мебурд. Дар инҷо осорхонаи ҷанг ба
зидди Шӯравӣ ва Толибон бо ёдгориҳои зиёди он даврон ҷойгир шуда
буд. Қароргоҳ мақоми макони таърихиро дошт ва таҳти муроқибати
вазорати фарҳанги Афғонистон қарор гирифта буд

“Чамани Хустдеҳ” барои Тоҷикистон низ як макони муҳими таърихӣ ба
шумор меравад. Музокироти рӯбарӯи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ
Раҳмон бо роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ
дар соли 1986 маҳз дар ҳамин ҷо баргузор шуд ва нахустин хишти
муҳкам дар девори сулҳи тоҷикон ва заминаҳои ин сулҳ низ дар
“Чамани Хустдеҳ” гузошта шуда буд. Мулоқоти Раҳмон ва Нурӣ дар
“Чамани Хустдеҳ” бо миёнаравии Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳонуддин
Раббонӣ, ки он вақт низ таҳти фишори Толибон тарки Кобул карда
буданд, сурат гирифта буд.

Ҷунбиши Толибон иддао дорад, ки то 80 дарсади қаламрави
Афғонистонро алакай таҳти назорати худ даровардааст. Ҷангҷӯёни
Толибон аз ҷумла шаби 21 июн ба Шерхон Бандар ҳамла оварданд ва
алакай субҳи 22 июн бар он даст ёфтанд. Қӯшунҳои сарҳаддии
Тоҷикистон хабар дод, ки дар пайи суқути Шерхон Бандар 134 аскару
афсари нирӯҳои ҳукуматии Афғонистон бо силоҳҳои худ ба қаламрави
Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд. Субҳи 27 июн боз 17 низомии афғон

ба ҳамлат Толибон дар вулусволии Калдори вилояти Балх тоб наоварда,
ба тарафи ноҳияи Шаҳритӯси Тоҷикистон ақиб нишастанд. Ҷониби
Тоҷикистон дар ҳарду маврид гуфт, ба далоили инсонӣ ба низомиҳои
афғон иҷозати вуруд ба қаламрави худро дод.
Пешрафтҳои ахири Толибон нигарониҳоеро ба бор овардааст, ки
ҳукумати кунунии Афғонистон метавонад баъди хуруҷи такягоҳи
асосиаш: нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ суқут кунад. Қарор аст, 4
ҳазор аскару афсари Амрико, муҳраи асосии ин эътилоф алакай то 4
июли соли ҷорӣ тарки Афғонистон кунанд.
Вазорати дифои Тоҷикистон ҳафтаи гузашта хабар дод, ки нирӯҳои
мусаллаҳеро, ки дар хатти дуюми ҳимояти марзи Афғонистон қарор
доранд, ба ҳолати омодабош овардаанд. Тоҷикистон бо Афғонистон
1370 км марзи мустақим дорад, ки рӯи маҷрои Амӯдарё ва Панҷ
мегузарад. Ҳимояти аксари манотиқи ин марз ба далели релефи
мураккаби кӯҳистониаш хеле мушкил аст

Ахиран яке аз ҷангҷӯёни ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон дар
болои пул(кӯпрук)-и бузургтарин дар марзи байни Афғонистону
Тоҷикистон видео гирифтааст.
Дар видео ду ҷангҷӯи Толибон дида мешаванд, ки баъди тасарруфи
Шерхон-Бандар, бузургтарин гузаргоҳ дар марз бо Тоҷикистон, дар рӯи
кӯпруке, ки Афғонистонро бо Тоҷикистон мепайвандад, қадам мезананд
ва нафари сеюм, ки пулро ба навор мегирад, ба касе ба забони пашту
ҳисобот медиҳад, ки “Ҳоҷӣ соҳиб, ин пули Шерхон Бандар аст ва он
ободиҳое, ки мебинед, Тоҷикистон аст ва ин ҳам Амӯдарё”.
Пуле, ки Шерхон Бандарро бо гузаргоҳи Панҷи Поёни Тоҷикистон
мепайвандад, бо 40 миллион доллар сармоягузории Амрико сохта ва
соли 2007 ба истифода дода шуда буд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button